
Сохтмони сарбанди навбати аввали НБО-и Роғун. Лот-2
Сохтмони сарбанди навбати аввали НБО Роғун то сатҳи 1090 ба анҷом расид. Сад ҷузъи муҳими яке аз лоиҳаҳои азими энергетикӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Сохтмонро ширкати TГЭМ ҳамроҳ бо Webuild анҷом додааст, ки эътибору шарафи худро ба унвони роҳбарон дар соҳаи сохтмони муҳандисӣ ва мудирияти лоиҳаҳои бузург тасдиқ кардаанд.
Татбиқи Лоти 2 (Сохтмони сарбанди навбати аввал) дар доираи лоиҳаи НБО «Роғун» бо истифода аз фановариҳо ва масолеҳи навоварона бо сифати баланд анҷом дода шуда, боэътимод ва устувории сохтмонро таъмин кард. Лоиҳа ба таври сахтгирона мутобиқи стандартҳои байнулмилалии бехатарӣ ва устувории муҳитзистӣ анҷом дода шуд.
Сохтмони навбати аввали сарбанд имкони афзоиши чашмгири истеҳсоли нерӯи барқ, таъмини устувори ниёзҳои мардум ва саноатро фароҳам кард, инчунин бо коҳиш додани вобастагӣ аз манбаъхои нерӯи барқи истихроҷшуда ба тавсеъаи иқтисодиёти минтақа ва беҳбуди вазъи муҳитзистӣ мусоидат мекунад.
