Асосӣ/Масъулияти иҷтимоӣ
Масъулияти иҷтимоӣ
Масъулияти иҷтимоӣ
ТГЭМ ҳамасола лоиҳаҳои зиёди ҷамъиятиро дастгирӣ намуда, ба рушди илм, маориф ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Дастгирии варзиш
Варзиш – ин саломатӣ ва дастоварди миллат аст. ТГЭМ дар соҳаи варзиш ташаббусҳо ва майлу рағбат ба натиҷаҳои касбии варзиширо дастгирӣ мекунад.
ТГЭМ шарики деринаи Федерация футбола Тоҷикистон в яке аз сарпарастони асосии Лига футбола кӯдакону наврасони Тоҷикистон мебошад.
Ҳамасола таҳти сарпарастии Лигаи футбола кӯдакону наврасон мусобиқот баргузор мегардад, ки дар он аз саросари Тоҷикистон беш аз ҳазор наврасони аз 12 то 18-сола ширкат меварзанд.

Дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманди аҳолӣ ТГЭМ мунтазам ба эҳтиёҷмандон кӯмаки хайрия мерасонад:
ба калонсолон ва кӯдакони дорои имкониятҳояшон маҳдуд, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ятимон.
Дастгирии маориф
ТГЭМ ба тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Бо мақсади омода намудани захираи кадрҳои ояндадор ва такмил додани роҳнамоии касбӣ байни донишгоҳҳои кишвар ва ТГЭМ ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён дар иншоотҳои ширкати мо марҳилаи таҷрибаомӯзию касбазхудкуниро гузаранд.
Ҳар сол дар ташкилотҳои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ як қатор чорабиниҳо оиди ҷалби хатмкунандагони умедбахш гузаронида мешаванд. Дар мактабҳои олии кишвар гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо ба роҳ монда шудаанд. Мутахассисони мо имкон доранд, ки дар рафти имтиҳонҳои хатмкунии донишҷӯён ширкат варзида, ба ин васила нафарони боистеъдодро барои минбаъд дар ширкат ба кор таъмин намудан, муайян намоянд.
Ташаббусҳои иҷтимоӣ
• Соли 2019 ширкат мактаби миёнаи №6 – ро дар шаҳри Душанбе сохта, ба истифода супорид. Сохтмони мактаби нави замонавӣ дар зарфи 1,5 сол анҷом ёфт. Масоҳати умумии он 8700 м2 аст.
• Соли 2020, дар доираи ташаббусҳои хайривӣ, ширкат ду маротиба ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сирятии коронавирус COVID-19, 20 000 адад тестҳои санҷишӣ, 20 адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) ва 500 маҷмӯи либосҳои махсуси тиббӣ барои табибон кӯмаки моддӣ расонд.
