Асосӣ/Пешрави дар ТГЭМ
Пешрави дар ТГЭМ
Пешрави дар ТГЭМ
ҶСК ТГЭМ яке аз корфармоёни калонтарин ва афзалиятнок дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Кормандон сармояи асосии Ширкати мо буда, масъулиятшиносӣ, фаъолӣ ва ҳадафмандии онҳо муваффақияти моро муайян месозад.
Мо ба коргарони худ пешниҳод мекунем:
• Имконияти иштироки мустақим дар лоиҳаҳои ҷолиб ва калонҳаҷм;
• Кор бо мутахассис-мураббиёни баландихтисос;
• Имконият барои рушди касбӣ ва мансабӣ;
• Шароити зарурӣ барои рушди шахсӣ;
• Барномаҳои иҷтимоӣ ва дастгирӣ.

Такмили ихтисоси коргарон
Дар корхона системаи таълимии пайваста амал мекунад, ки ба донишандӯзӣ ва рушди малакаҳои касбии кормандон нигаронида шудааст. TГЭM маҷмӯи пурраи воситаҳои муосири таълимро истифода мебарад - семинарҳои тиҷоратӣ, семинарҳои саҳроӣ, барномаҳои махсуси омӯзишӣ, таҷрибаомӯзии хориҷӣ, курсҳои такмили ихтисос, омӯзиши фосилавӣ ва ғайра.
Бо муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда кори фаъолона бурда мешавад.
