Асосӣ/Таърих
Таърих
Таърих
Соли 1959 дар шаҳри Душанбе Раёсати корҳои васлкунии Тоҷикистон “Гидроэлектромонтаж” ташкил карда шуд, ки он вақт ба ҳайати трести умумииттифоқии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) дохил мешуд. Асосгузорони Раёсати корҳои васлкунии Тоҷикистон “Гидроэлектромонтаж” П.С. Линдук ва О.П Янис ба шумор мерафтанд.
- Дар солҳои 60-ум ба Раёсати корҳои васлкунии Тоҷикистон “Гидроэлектромонтаж” ҷиҳати иҷроиши корҳои васлкунии барқии МБГ Ёвон бовар намуда баҳри амалисозии он муваззаф намуда буданд. Муттахассисони ин Раёсат аз ӯҳдаи иҷрои корҳои васлкунии трансформаторҳои 220 кВ ва инчунин корҳои васлкунии таҷҳизотҳои толори мошинҳо сар баландона баромаданд .
- Дар соли 1972 коргоҳи коркарди филиз ва истеҳсоли конструксияҳои филизӣ ба роҳ монда шуд.
- Аз соли 1972 то соли 1979 ҳамаи корҳои васлкунӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани гидроагрегатҳои НБО Норак иҷро карда шуданд. Корҳои васлкунию барқии нерӯгоҳ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин бо натиҷаи олӣ аз ҷониби муттахассисони Раёсати корҳои васлкунии Тоҷикистон “Гидроэлектромонтаж” ба итмом расонида шуданд, ки аз ҷониби Коммиссияи давлатии қабули нерӯгоҳ сазовори баҳои баланд гашт.
- Дар оғози соли 1975 ширкат мавқеъи худро мустаҳкамтар намуда ба яке аз корхонаҳои рақобатпазири корҳои васлкунии барқӣ мубаддал гардид.
- Дар аввали солҳои 80-ум Раёсати корҳои васлкунии Тоҷикистон “Гидроэлектромонтаж” (ТМУ ГЭМ) насбкунии таҷҳизотҳои баландшиддатро дар зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи кремниевӣ таъмин намуд, инчунин биноҳои электролизии Заводи алюминӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
- Дар соли 1986 Раёсати корҳои васлкунии Тоҷикистон “Гидроэлектромонтаж” (ТМУ ГЭМ) корҳоро дар НБО Роғун оғоз намуд. Он вақтҳо Раёсати мазкур аз ҷиҳати таъминоти техникӣ ба талаботҳои бозор мувофиқат мекард ва ин боиси бо сифат ва сари вақт иҷро шудани корҳо гардид.

Таърихи навтарини комёбиҳои назарраси ширкат
2006 - Аввалин бор дар тендери байналмиллалӣ ғолиби лоиҳаи корҳои азнавсозии НБО «Перепадная» гардид;
2009 - Ширкат аввалин бор дар таърихи навтарин сохтмони зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ «Бӯстон» дар ноҳия Мастчоҳро амалӣ намуд.
2010 - Ширкат заводи истеҳсоли бетон, сутунҳои бетонӣ ва маҳсулоти бетониро барои соҳаи энергетика дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд;
2010 - Заводи бетономехтакуниро дар НБО Роғун ба истифода супорид;
2011 - Ширкат бори аввал заводи коркарди кони сангу шағал ва майдакунию ба навъҷудокуниро дар НБО Роғун ба истифода супорид;
2011 - Ширкат дар НОБ-и Роғун заводи майдакунӣ ва ба навъҷудокуниро барои истифодабарӣ супорид;
2012 - Берун аз марзи кишвар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маротибаи авал ғолиби озмуни тендери байналмиллалӣ гардид;
2014 - Дар ҳамбастагӣ бо ширкати бонуфузи AlstomGrid дар таҷдиди ДТК 220 кВ НБО Норак иштирок намуд
2015 - Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди ДТК 500кВ НБО Норак” ширкат бори аввал дар таърихи навтарин хатҳои кабелии 500 кВ – ро васл намуд;
2016 - Лоиҳаи “Созмон додани низоми SCADA ва маркази танзими миллӣ”-ро мавриди амал қарор дод;
2016 - Ширкат дар тендери пешбандкунии дарёи Вахш, дар чорчӯбаи лоиҳаи сохтмони НБО Роғун ғолиб баромад;
2017 - Ширкат аз рӯи системаи менеджменти сифат ISO 9001:2008 ба Сертификати мутобиқат ноил гардид;
2017 - Ширкат қуму шағалрезии сарбанди НБО Роғунро то ба нишонаи шартии 1050 ба анҷом расонид;
2017 - Васлу насбкунии ДТПЭ 500/220 кВ дар НБО Роғунро бори аввал дар амал татбиқ намуд;
2017 - Арматурбандӣ ва бетонрезии нақбҳои сохтмонии СТ -1, СТ- 2 дар НБО Роғун иҷро карда шуданд;
2017 - Ширкат лоиҳаи АСКУЭ-ро амалӣ намуд;
2018 - Ширкат бори аввал дар таърихи навтарин корҳои васлкунии ҷараёнбарҳои 15,75 кВ-ро бо қувваи ҷараёни 26 000 А амалӣ намуд;
2018 - Ширкат бори аввал дар таърихи худ кандани нақбро ба дарозии 270 метр дар доираи сохтмони НБО Роғун амалӣ намуд;
2018 - 16-уми ноябр маросими бо тантана мавриди истифода супоридани чархаи аввали НБО Роғун бо иштироки бевоситаи муттахассисони ширкати мо, баргузор гардид.
2019 - Ширкат аз рӯи системаи менеджменти сифат OHSAS 18001:2015 ва ISO 14001:2015 ба Сертификати мутобиқат соҳиб гардид.
