Асосӣ/Фарҳанги Корпоративӣ
Фарҳанги Корпоративӣ
Фарҳанги Корпоративӣ
Ба андешаи мо беҳтарин кор ҳамон аст, ки ҳаловат мебахшад, аз ин рӯ мо маданияти корпоративии худро пайваста такмил дода, онро устувор менамоем.
Фарҳанги солими корпоративӣ ба мо имкон медиҳад, ки ҷабҳаи самаранокии фаъолияти тамоми ширкатро мунтазам баланд бардорем: узвият ба кори умумӣ ҳисси худшиносии ҳар як кормандро баланд мебардорад.
Таҷрибаи мусбии корӣ боиси ташаккули муошират байни кормандон гардида, дараҷаи ҳамкории мутақобиларо баланд мебардорад. Ин ба сифати маҳсулнокӣ, ҷалби кормандон, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва қаноатмандии муштариён таъсиргузор аст.
Арзишҳои мо - ки будан, ба чӣ ки ва бо ҳамдигар чӣ гуна рафтор намуданро ифода менамоянд. Мо чунон меҳисобем, ки ҷонибдор будан нисбати фарҳанги мусбии корпоративӣ асоси ширкати тавоно мебошад.

Диди мо:
Дар тамоми соҳаҳои фаъолият ҳамчун ширкати инноватсионию пешсаф аз лиҳози сифати аъло эътироф шудан.
Ҳадафи мо:
Мо кӯшиш бахарҷ медиҳем, ки сифати зиндагии мардумро беҳтар созем ва барои рушди иқтисодии минтақаҳое, ки онҷо фаъолият дорем, шароит фароҳам орем. Ин аз ҳисоби бунёди иншооти инфрасохтории мутобиқ ба талаботҳои муосири техникӣ ва стандартҳои ҷаҳонӣ ба даст меояд.
Арзишҳои мо:
• Масъулият
Масъулият –ин яке аз хислатҳои асосии ҳар як корманди мост, ки бидуни он эътимод ва бовариро сазовор шудан ғайриимкон аст. Масъулият тақозо менамояд, ки ҳар нафар дарвақти зарурӣ барои қарор қабул намудан омода буда, ба кори кардааш ҷавоб дода тавонад.
• Касбият
Маҳорат дар тӯли солҳо, сарфи назар аз дараҷаи маълумот ва таҷрибаи корӣ такмил меёбад. Мо майлу хоҳиши коргарони худро, ки барои баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии худ талош доранд, дастгирӣ намуда, ба ин хотир тамоми шароитҳоро фароҳам меоварем.
• Сифат
Кори хушсифат гарави муваффақияти корхона мебошад. Ширкати муваффақ - кафили кори доимӣ ва сер даромадаст. Мо боварӣ дорем, ки агар ҳар як коргар корашро софдилона ва босифат анҷом диҳад, ӯ ба пешравӣ ва муваффақиятҳои ҳамаҷониба ноил мегардад.
• Ростқавлӣ
Ба арзишҳои мо бешубҳа одоб, ростқавлӣ, адолат, эҳтироми дуҷониба, софдилӣ, кӯмак ба якдигар ва эътимод дохил мешаванд.
• Инсоният
Ҳар як коре, ки мо анҷом медиҳем, ҳар қароре, ки қабул менамоем, некӯаҳволии ҳар як аъзои ҷомеъаро ба назар мегирад. Мо ҳар кадом корманди худро чун аъзои як оилаи калон мешуморем, ки дарон асосҳои анъанавии инсондустӣ пос дошта мешаванд.
