Асосӣ/Энергетика

Энергетика

Энергетика

Сохтмони энергетикӣ – ин фаъолияти аз ҷиҳати стратегӣ муҳими ширкати мо ба шумор меравад. Кори ширкат дар соҳаи сохтмони энергетикӣ доираи васеи хизматрасониҳои муҳандисиро дарбар мегирад. Фаъолияти мо на танҳо иборат аз  сохтмони бевоситаи шабакаҳои барқӣ, балки боз аз таҳияи лоиҳаи муҳандисӣ, нақду насби шабакаҳои барқӣ, таҷдиди шабакаҳои ёрирасони шаклҳои гуногуншиддатро дарбар мегирад.

Ширкати мо зиёда аз ним аср дар соҳаи сохтмонҳои саноатӣ ва энергетикӣ бо муваффакият кор мекунад. Муваффақияти коримо, пеш аз ҳама ба ҳайъати муҳандисону мутахассисони баландихтисос, ки оиди пешбурди корҳо дар иншоотҳои мураккабиашон гуногун таҷрибаи бисёрсола доранд, рабт дорад. Ин ба мо имкон медихад, ки дар соҳаи сохтмони энергетикӣ бо корхонаҳои пешқадами муҳандисӣ рақобат намоем.

Мо ҳамеша ба натиҷаи ҳадди ниҳоии меҳнат нигаронида шудаем. Натиҷаҳои муфидаз иҷроиши лоиҳаҳо, қатъиян риоя намудани сметаи эълонгардида, нақшаи сохтмони иншоот, инчунин тасдиқ намудани нишондиҳандаҳои ҳисоботии техникию иқтисодӣ иборатанд.

Ба ҳайси яке аз калонтарин ширкати васлкундагони барқ ​​дар минтақа, мо ҳалли ҳамаҷонибаи сохтмони иншооти энергетикии то 500 кВ-ро пешниҳод менамоем, аз ҷумла:

  • Сохтмон, насб ва таҷдиди дастгоҳҳои тақсимоти беруна, дастгоҳҳои тақсимотӣ   ва зеристгоҳҳои трансформатории то 500 кВ
  • Насб, пайвастшавӣ ва озмоиши дастгоҳҳои барқии то 500 кВ
  • Танзими системаҳои муҳофизати реле, автоматика, автоматикунонии ҳолати садамавӣ ва системаҳои автоматии идоракунии равандҳо
  • Сохтмони хатҳои ҳавоии 0,4 кВ - 500 кВ
  •  Насб кардани хатҳои кабелии то 500кВ
  •  Насб ва танзими системаи автоматии назорат ва баҳисобгирии захираҳои энергетикӣ,
  • Таъмини нерӯи барқ ба ишоотҳои инфрасохторӣ ва умумии шаҳрвандӣ
Энергетика
Be among largest electrical installation company throughout the region,we provide comprehensive solutions for the construction of power facilities upto 500 kV, in particular:

●      Construction,installation and reconstruction works for outdoor switchgears, GIS and 500 kV transformersubstations (inclusive)

●      Installation,connection and testing of electrical installations up to 500 kV (inclusive)

●      Relayprotection, automation, emergency control and CAPCS system set up

●      Constructionworks for 0.4 kV - 500 kV OHL

●      Installationof cable lines up to 500 kV (inclusive)

●      Installationand adjustment works for ACEMS

●      Powersupply of infrastructure and general civil structure