Тавонбахшии НБО-и Қайроқум

Тавонбахшии НБО-и Қайроқум

Дар доираи лоиҳаи бузурги тавонбахшӣ, ширкати Cobra ва TГЭМ дар марҳилаи ниҳоии навсозии НБО-и Қайроқум қарор доранд. Лоиҳа иваз кардани шаш турбина ва генераторҳо, инчунин навсозии баъзе системаҳои ёрирасонро дар бар мегирад. Ба шарофати ин корҳо зарфияту иқтидори умумии истгоҳ афзоиш меёбад ва ба 174 МВт мерасад.

То ба имрӯз аз шаш агрегати барқи обӣ сетоаш бо иқтидори 29 МВт ҳар кадомаш бомуваффақият иваз карда шуд, ки ин дар роҳи навсозӣ ва афзоиши баҳраварии нерӯгоҳ қадами муҳим аст. Илова бар ин, корҳои зер ба унвони бахше аз лоиҳа анҷом дода шуд:

 Сохтмони ОРУ 110 кВ 

Сохтмони КРУЭ 110 кВ

Тавонбахшии сарбандҳои сангӣ ва бетонӣ, таъмини устуворӣ ва бехатарии зерсохти гидроэнергетикӣ. Иваз кардани шаш трансформаторҳои қувватдиҳанда (дастгоҳи интиқолдиҳандаи барқ), ки ба самаранок тақсим кардани нерӯи барқи тавлидшуда мусоидат мекунад. 

То имрӯз тамоми корхо беш аз 60 дарсад иҷро шудааст. Корҳои анҷомёфта на танҳо иқтидори НБО-и Қайроқумро афзоиш медиҳад, балки эътимоду баҳраварии онро таъмин карда, ба пешрафти устувори минтақа ва қонеъ кардани талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ мусоидат мекунад. Тавонбахшии НОБ-«Қайроқум» як қадами муҳим дар роҳи навсозии зерсохти энергетикӣ ва дастгирии энергетикаи сабз дар минтақа мебошад.