
ПС «Ромит» 110/10 кВ
Ифтитоҳи зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хаттиинтиқоли барқи 04 килловолт дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат
8 октябри соли2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат зеристгоҳи барқии 110/20/10кВ ва хатти интиқоли барқи 04 килловолт дар масофаи 53 километр барои 9 деҳаидеҳоти Ромитро мавриди истифода қарор доданд.
Татбиқи лоиҳаибунёди зеристогоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 килловолт дармасофаи 53 километр барои дастрасии мардуми деҳот ба нерӯи барқ нигаронидашуда, он имкон фароҳам овард, ки сокинони деҳоти Ромит - деҳаҳои Қоху, Девдара,Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан, Дашти мазор, Ғусғеф ва Пичеф, дармаҷмуъ 9 деҳа, иборат аз 3100 нафар аҳолӣ аввалин бор давоми солҳои тӯлонииистиқомат дар ин мавзеъ ба нерӯи барқ дастрасӣ пайдо намоянд.
Маблағи умумиигранти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ 60 млн. сомониро ташкил дода,он барои корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ “Ромит”, хатҳоиинтиқоли нерӯи барқи 110, 20 кВ ва 0,4 кВ, насби ҳисобкунакҳои электронии барқӣва хизматрасониҳои мушовирӣ ҷиҳати назорати татбиқи лоиҳа, равона гардид.
Мардумишукргузори шаҳри Ваҳдат сокинони деҳаҳои деҳоти Ромит ба Сарвари давлат барои тӯҳфаи арзишманд изҳори сипоснамуданд, зеро акнун бо шарофати истиқлолият ва сиёсати созандаи роҳбариятидавлату Ҳукумати кишвар равшанию гармӣ ба хонадони ҳар як сокини деҳаҳои инминтақа ворид шуд.
Корҳои сохтмонироғолиби озмуни сохтмонӣ ширкати ватании Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи“Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба анҷом расонд.
Дар рафти татбиқилоиҳа 46 нафар корманд бо кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Дар баробари ин,дар доираи лоиҳаи мазкур трансформаторҳо ва дигар таҷҳизотҳои барқии ба бунёдиинфрасохтори зикргардида алоқаманд аз коргоҳҳои бонуфузи истеҳсолии ширкатҳоиЧинт Электрик “Chint Electric”, Ҷинагсу Ругао Ҳиг Волтеҷ Электрик Аппартус“Jinagsu Rugao High Voltage Electric Appartus”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, АлимарГенератор “Alimar Generator” ва Метранак “Metranak”-и Ҷумҳурии Туркия ва“Южноуральский арматурно-изоляторный завод”-и Федератсияи Россия, ворид кардашуд.
Ҳамзамон, вобастаба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, харидории такягоҳҳои хатҳоиинтиқоли барқи 20 кВ ва 0,4 кВ ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ, аз Ҷамъияти дороимасъулияти маҳдуди “Поянда” ва зиёда аз 49 тонна ноқилҳои навъи гуногун азҶамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ноқили Талко” ба маблағи 1,4 млн. сомонӣхаридорӣ ва дар лоиҳа истифода карда шудааст.
Бунёдиинфрасохтори барқӣ ва мутаносибан васеъ гардидани имконияти бунёди инфрасохторисайёҳӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосир дар ин мавзеи сайёҳӣ, ҷиҳати ҷалби бештарисайёҳони дохилию хориҷӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст,ки татбиқи лоиҳаи “Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит” барои таъминииҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ башаҳри Ваҳдат 4 июни соли 2016 баён доштанд, пешбинӣ гардида, бобати амалишавиион Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо Агентии Корея оид баҳамкории байналмилалӣ (KOICA) давоми солҳои 2016-2017 ҳамкориро ба роҳ монд.
Дар доираи лоиҳаимазкур, бо маблағгузории Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ, барои барқтаъминкунии9 деҳаи деҳоти Ромит сохтмони як адад зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ (бо насбияк адад трансформатори 10 МВА), сохтмони тахминан 500 метр хати интиқоли барқи110 кВ, сохтмони 46,75 км хати интиқоли барқи 20 кВ бо насби 810 ададтакягоҳҳои оҳанубетонӣ, сохтмони 15 км хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ бо васлунасби 428 адад такягоҳ дар ҳамаи деҳаҳои зикргардида, насби 9 адад нуқтаҳоитрансформатории 20/0,4 кВ, бо насби низоми ҳисоби нерӯи барқ иҷро гардид.
Бо супоришиҲукумати ҷумҳурӣ назорати саривақтии татбиқи лоиҳа аз ҷониби Вазоратиэнергетика ва захираҳои об ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ,инчунин ширкати мушовирии кореягии “KEPCO”, таъмин гардид.
Баъди ифтитоҳ вашиносоӣ бо шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавридиистифода қарор додани онро қадами муҳиме дар роҳи расидан ба истиқлолиятиқомили энергетикӣ номиданд.
