
Лоиҳаи “Созмон додани низоми SCADA ва маркази танзими миллӣ”
Аз ҷониби ҶСК «ТГЭМ» дар якҷоягӣ бо GE GridSolutions лоиҳаи насбкунии таҷҳизотҳои назорати танзимӣ ва ҷамъоварии маълумотҳо - SCADA, истеҳсоли GE GridSolutions амалӣ карда шуд, ки он дар Маркази миллии идоракунӣ дар бинои ШСХК “Барқи Тоҷик” ба истифода дода шуд.
Маҷмӯъи таъминоти барномавии SCADA имконият медиҳад, ки мониторинги шабонарӯзии фаъолияткунии ҳамаи зеристгоҳҳои шиддаташон то 500 кВ амалӣ карда шавад, инчунин назорат аз болои ҳамаи хатҳои ҳавоии баландшиддати интиқоли барқ, ки дарозии умумии онҳо қариб 2500 километро ташкил мекунад ва 18 хатҳои ҳавоии интиқоли барқро, ки низоми энергетикии Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя пайваст мекунад амалӣ менамояд.
