.jpg)
Неругоҳи фотоэлектрикӣ дар ВМКБ
Хусусиятҳои
асосии лоиҳа
Неругоҳи барқи
офтобӣ бо иқтидори 3 МВт дар баландии 2 600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда,
масоҳати 4 гектарро фаро мегирад. Ба таркиби иншоот 4 752 панели фотоэлектрикии
дутарафа, 10 инвертори сатрӣ, зеристгоҳи трансформатории маҷмуии 0,8/35 кВ бо
зеристгоҳи баландбардорандаи ҳамгирошуда ва низоми захиракунии неруи барқ бо
ғунҷоиши 500 кВт·соат дохил мешаванд.
Дар ҷараёни
сохтмони иншоот ҳаҷми назарраси корҳои заминӣ, бетонӣ ва васлкунӣ анҷом дода
шуданд: 2 084 м³ таҳкурсии бетонӣ бунёд гардида, тақрибан 260 тонна
конструксияҳои металлӣ васл ва 19 000 м³ корҳои заминӣ иҷро карда шуданд.
.jpg)
Фотоэлектрическая станция в ГБАО






