CASA 1000

CASA 1000

Ин тарҳ бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ бо иқтидори 500 кВ мебошад, ки иртиботи энергетикиро миёни Қирғизистону Тоҷикистон аз як сӯ ва Афғонистону Покистон аз сӯи дигар эҷод мекунад.

Қисмҳои асосии лоиҳа аз сохтмони хати баландшиддати зеристгоҳи «Суғд-500» то марзи Ҷумҳурии Қирғизистон, ХИБ (хати интиқоли барқи) - 500 кВ аз зеристгоҳи «Регар» то зеристгоҳи Сангтӯда ва аз зеристгоҳи Сангтӯда то марзи  Афгонистон дар бар гирифт. Илова бар ин, дар зеристгоҳи Сангтӯда хати электрод ва хати интиқоли доимии 220 кВ байни зеристгоҳи таблидлиҳӣ ва интиқоли барқ (конвертерӣ) ва зеристгоҳи мавҷуда сохта шуд. Марҳилаи ниҳоии сохтмони зеристгоҳи табдилдиҳӣ ва интиқоли барқ (конвертерӣ) иқтидори 1300 МВт буд, ки унсури асосии таъмини кори устувор ва боэътимоди тамоми система мебошад.

Лоиҳаи CASA 1000 - намунаи ҳамкориҳои муваффақи байнулмилалӣ ва бартарии техникӣ буда, тавоноиҳои энергетикаи муосирро дар ҳалли масъалаҳои мураккаби таъмини нерӯи барқ ва тавсеъаи иқтисоди минтақавӣ нишон медиҳад. Ин рӯйдод оғози давраи нави истифода ва тақсими нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ буда, барои ҳамкориҳо ва тавсеъаи минбаъда дар соҳаи энергетика замина фароҳам мекунад.

Ба шарофати анҷоми бомуваффақияти лоиҳаи CASA 1000, кишварҳои ширкаткунанда ин фурсатро хоҳанд дошт, ки на танҳо истифода аз захираҳои энергетикии худро беҳтар кунанд, балки дар таҳкими амнияти энергетикӣ ва тавсеъаи иқтисодӣ дар сатҳи байнулмилалӣ саҳм гузоранд. ҶСК «TГЭM» бо ширкати худ дар иҷрои ин лоиҳаи муҳим ифтихор мекунад ва кори худро барои тавсеъа ва тақвияти зерсохтҳои энергетикӣ дар минтақа ва фаротар аз он идома хоҳад дод.