
Неругоҳи фотоэлектрикии Ашт бо иқтидори 250 МВт
Неругоҳ дар
масоҳати 793 гектар ҷойгир хоҳад шуд. Лоиҳа ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли
нерӯи барқи дохилӣ дар қисми шимолии кишвар, баланд бардоштани эътимоднокии
таъминоти барқи минтақа ва коҳиш додани сарборӣ ба хатҳои байниминтақавии
интиқоли барқ равона шудааст.
Дар доираи
татбиқи лоиҳа инфрасохтори зарурии энергетикӣ барои пайваст намудани иқтидорҳои
нави тавлидӣ ба низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд карда мешавад. Бо ин
мақсад хати ҳавоии ду занҷираи интиқоли барқи 220 кВ бо дарозии 9,8 км
сохта мешавад, ки неругоҳи офтобиро бо зеристгоҳи «Ашт» 220/110/6 кВ
пайваст мекунад. Дар масири хат 36 такягоҳ насб карда мешавад.
Пудратчиёни
лоиҳа ширкати ТГЭМ дар консорсиум бо як ширкати чинӣ мебошанд.
Пас аз ба
истифода додан, неругоҳ имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар
вилояти Суғд ба таври назаррас зиёд шуда, устувории таъминоти барқи минтақа
баланд бардошта шавад. Иқтидорҳои нави тавлидӣ инчунин ба коҳиш ёфтани талафоти
нерӯи барқ ҳангоми интиқоли он ба масофаҳои дур мусоидат хоҳанд кард.
Лоиҳа аҳамияти
муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хоҳад дошт. Татбиқи он ба рушди инфрасохтори муосири
энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, баланд бардоштани сатҳи тахассуси
касбии мутахассисон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Пас аз анҷоми
корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани иншоот, таъсиси 40 ҷойи кори доимӣ
барои мутахассисони маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи
Неругоҳи фотоэлектрикии Ашт марҳилаи муҳими рушди энергетикаи офтобӣ дар
Тоҷикистон ва тавсеаи минбаъдаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
дар кишвар хоҳад шуд.
Нишондодҳои
асосии лоиҳа
- Иқтидор: 250 МВт
- Ҷойгиршавӣ: ноҳияи Ашт, вилояти Суғд
- Масоҳати иншоот: 793 га
- Шиддати хати интиқоли барқ: 220 кВ
- Дарозии хати ҳавоӣ: 9,8 км
- Шумораи такягоҳҳо: 36

Аштская фотоэлектрическая электростанция
