Рӯйдоди муҳим дар ТГЭМ: кормандони ширкат соҳиби дипломҳои MBA гардиданд

Рӯйдоди муҳим дар ТГЭМ: кормандони ширкат соҳиби дипломҳои MBA гардиданд

Дар ТГЭМ рӯйдоди муҳим ба қайд гирифта шуд — се намояндаи ширкат, Хайруллоев Боирҷон, Сатторов Абдусаттор ва Раҷабзода Мирзошариф, барномаи MBA-ро дар Management Development Institute of Singapore in Dushanbe бомуваффақият хатм намуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои таҳсил ба хатмкунандагон дипломҳои магистри муассисаи таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ — University of Sunderland супорида шуданд, ки сатҳи баланди донишҳои бадастомада ва мутобиқати онҳоро ба стандартҳои байналмилалӣ тасдиқ менамояд.

Барномаи MBA ба рушди салоҳиятҳои идоракунӣ равона гардида, самтҳои калидии тиҷорати муосир, аз ҷумла идоракунии стратегӣ, молия, маркетинг ва роҳбариро фаро мегирад. Равиши амалигароёнаи омӯзиш ба иштирокчиён имкон дод, ки донишҳои худро низомманд намуда, малакаҳои амалиро тақвият бахшанд.

Рушди кормандон як ҷузъи муҳими стратегияи дарозмуддати ТГЭМ буда, ба ташаккули дастаи пурқуввати идоракунӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон равона шудааст. Ширкат пайваста ба таҳсил ва рушди кадрҳо сармоягузорӣ намуда, онро яке аз омилҳои асосии рушди устувор ва баланд бардоштани самаранокӣ медонад.