
СОКИНОНИ 27 ДЕҲОТИ ВМКБ БО БАРҚИ ДОИМӢ ТАЪМИН ШУДАНД
СОКИНОНИ 27 ДЕҲОТИ ВМКБ БО БАРҚИ ДОИМӢ ТАЪМИН ШУДАНД
Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкати «Помир Энерҷӣ» ва ҶСК«ТГЭМ» марҳилаи якуми Лоиҳаи "Пайвасткунии мақсадноки маҳалҳои аҳолинишин ба шабакаи тақсимоти барқи вилояти ВМКБ "-ро ба анҷом расониданд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Пайвастани мақсадноки маҳаллаҳои аҳолинишин ба шабакаҳои тақсимотии ВМКБ» моҳи ноябри соли 2021 сокинони 27 деҳоти Бадахшон бори аввал ба барқи доимӣ дастрасӣ пайдонамуданд.
Дарин хусус бо роҳбари лоиҳаи ТГЭМ, Ғуломабдол Ғуломабдолов суҳбате доир намудем.
— Лутфан мегуфтед, ки раванди пайвасткунии мақсадноки маҳалҳои дурдасти аҳолинишини ВМКБ ба шабакаи тақсимоти барқии вилоят чӣ тавр сурат гирифт?
—Гап сари он, ки тибқи анъана ширкати мо таҳти шиори:«Ояндаро бо ҳам месозем», амал менамояд. Аз ин хотир дар рафти пешбурди корҳо мо аз кӯмаку дастгириии ҳамаҷонибаи фаъолони махаллӣ, раисони деҳот, роҳбарони идораҳои ноҳиявӣ ва албатта, кормандони масъули Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ васеъ истифода бурдем.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи «Электиконидаи деҳоти Тоҷикистон» ҳам, ки маблағгузории онро Бонки Ҷаҳонӣ ба уҳда дошт, аз ҷониби ҳукумати кишвар пешниҳод шуда буд.
Баъдан, дар асоси созишномаи лоиҳавии байни "Помир Энерҷӣ" ва "TГЭМ",ки моҳи октябри соли 2020 ба имзо расида буд, сокинони 27 маҳалли аҳолинишини ВМКБ, бо теъдоди умумии 4400 нафар ба барқи доимӣ дастрасӣ пайдо намуданд.
- Ҳангоми интихоби маҳалҳо кадом меъёрҳо дар мадди аввал меистанд?
— Баҳамагон маълум аст, ки Ҳукумати кишвар пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, кидилхоҳ маҳалли ахолинишини мамлакат, сарфи назар азандоза ва ҷойгиршавиаш, бо қувваи барқи доимӣ таъмин карда шавад. Бинобар ин, мо пеш аз ҳама эҳтиёҷи он деҳаҳоеро ба назар мегирифтем, ки сокинонашон ба барқи доимӣ дастрасӣ надоштанд, Дар доираи лоиҳаи «Пайвасти мақсадноки маҳаллаҳои аҳолинишин ба шабакаҳои тақсимоти ВМКБ», мо то имрӯз ба системаи энергетикии ширкати хусусии «Помир Энерҷӣ» дар Дарвоз - 1 деҳа, дар Ванҷ-6, Рӯшон -12,Шуғнон -4, Роштқалъа – 2,ва дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб яктоӣ деҳотро пайваст намудем. Акнун дар деҳаҳои дурдасти Нисур, Хидзе, Равивд, Барчадевва Япшорви водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, Заичи водии Язғуломи ноҳияи Ванҷ, Рознвер ва Зурзимори-дашти Шуғнон, Ширгини ноҳияи Ишкошим, Нимосу Хоҷатгоҳи ноҳияи Рошткалъа ба таври доимӣ кувваи барқ мавҷуд аст.
Аз рӯи маълумотҳо то имрӯз аз 227 ҳазор нафар аҳолии ВМКБ 96 % бо нерӯи барқи доимӣ таъминанд. Дар марҳилаи ниҳоии лоиҳа бағайр аз сокинони 27 деҳае, ки дар рафти иҷрои марҳилаи якуми лоиҳа бо барқ таъмин шуда буданд, боз 35 деҳоти дигар, ки онҷо ҳамон 4 фоизи боқимонда, ё 7 ҳазору 600 нафар аҳолӣ зиндагонӣ доранд, то соли 2025 ба нерӯи барқи доимӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.
— Чӣ тавре, ки маълум аст, иқлими деҳоти номбаршуда, бахусус дар фасли зимистон барои пешбурди корҳои сохтмонӣ начандон мусоид аст. Дар ин бобат душворӣ набуд?
- Тибқи мӯҳлатҳо мо бояд охири моҳи ноябри соли 2020 корҳои сохтмонро оғоз намуда, расо баъд як сол, яъне то 31 ноябри соли 2021 онро ба итмом мерасондем. Аммо бо сабаби номусоид омадани обу ҳаво дар мавсими зимистони солҳои 2020-2021, маҷбур шудем, ки корҳоро моҳи марти соли 2021 сар кунем. Баҳар ҳол феълан мо тавонистем, ки тамоми корҳоро давоми муҳлати дар лоиҳа пешбинишуда, яъне дар 9 моҳ ба итмом расонем.
- Солҳои 2020-2021, аслан ба авҷи пандемияи коронавирус рост омада буданд. Дар чунин вазъ шумо чӣ гуна корҳоро пеш мебурдед?
— Мо сарфи назар аз вазъи номусоид, паҳлу ба паҳлу истода фаъолиятамонро идома медодем, мунтазамэм мегузаронидем ва агар касе бемор шавад, ҳайрон намешудем. Бовар дорам, ки ҳама гуна бӯҳрон боз метавонад як навъ даврае барои амалӣ кардани имкониятҳои қаблан аз даст додашуда гардад, зеро ҳаёт идома дорад ва мо наметавонем ва ҳақ ҳам надорем, ки дар як ҷой истем. Аз ин рӯ, гумон дорам, ки дар зиндагӣ беҳтар аз ояндаи худро бо ҳам сохтан ва дар рушду пешрафти кишвари худ саҳми босазо гузоштан, кори беҳтаре вуҷуд надорад.
—Воқеан, аҳолии деҳаҳои баландкуҳ пайдо шудани нурро дар хонадонашон чй гуна пазируфтанд?
— Эҳсоси одамонеро, ки ҳамакнун ба барқи доимӣ дастрасӣ пайдо намудаанд, бо сухан иброз кардан, басо душвор аст. Инро бо чашми худ дидан лозим. Сокинони деҳаҳо аз ёрию мадади бевоситаи Вазорати энергетика, ширкати «Помир Энерҷӣ» ва корҳое, ки мутахассисони ТГЭМ анҷом доданд, басо миннатдоранд.
Бовардорам, ки онҳо ба ҳар як корманд дар алоҳидагӣ сипосгузоранд, зеро дастрасӣ пайдо намудан ба нерӯи барқ, шароити зиндагии онҳоро хеле беҳтар намуда, дастрасиашонро ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ таъмин кунонд.
— Мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ҳам барқ гирифтад?
— Бале, мутаассифона, то давраи ба анҷом расидани лоиҳаи мо мактабу дармонгоҳҳо, ки дар деҳаҳои номбаршуда вокеъ гардида буданд, аз қувваи барқи доимӣ маҳрум буданд. Дар доираи амалисозии ин лоиҳа 21 мактаб ва 10 муассисаи тиббӣ ба шабакаи барқ пайваст карда шуданд.
-Дар оғози сӯҳбат Шумо оиди дастгирӣ ва ҳамкориҳои фаъолони маҳал ёдовар шуда будед. Дар ин хусус боз чӣ гуфтанӣ доред?
— Дар ҳақиқат, фаъолони ҷомеъа ба мо кӯмаки ҳамаҷониба расониданд. Онҳо байни мо — бинокорон ва сокинони махаллӣ равобити ҳамкориро таъмин намуданд. Зимнан, маҳз бо кӯмаки онҳо бо зиёда аз 140 нафар сокинони маҳаллӣ оиди иҷрои корҳои мавсимӣ шартномаи меҳнатӣ бастаем. Дар ҳама деҳаҳо роҳбароне буданд, ки бо мо ҳамкории пурсамар доштанд. Аз фурсати мусоид истифода бурда, мехостам бо камоли эҳтиром, баъзеи онхоро номбар кунам.
Инҳо сокини деҳаи Муротгаи ноҳияи Ванҷ - Раҳмиддин Раҳмихудоев, сокинони ноҳияи Роштқалъа, Камол Лаълбеков ва Бахтоваршо Мастоншоев, ҳамшераи шавқати деҳаи Нисури водии Бартанг Назархотун Гургалиева ва дигарон мебошанд.
Соҳибкори маҳаллӣ аз ҳамин деҳа - Алиқадам Чароғов бошад, пас аз пайваст шудани деҳааш ба шабакаи барқ, дарҳол барои ҳамдеҳагонаш маркази интернетӣ кушод.
Акнун ҳамагон метавонанд бо аъзоёни оилаи дар хориҷи кишвар қарор доштаашон аз дохили деҳаи худ тамос гиранд. Дар баробари ин, ҷавононе, ки ҳаммаслак ба шиори мо “Ояндаро бо ҳам месозем” ҳастанд, ба маркази нав омада, тавассути имкониятҳои беохири шабакаи ҷаҳонии Интернет ҷаҳонбинии худро васеъ менамоянд.
