.jpg)
Сафари кории ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ ба НБО "Роғун"
Рӯзи 4 июн ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассанӣ ҷиҳати шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд. Зимни сафар хонум Антонелла Бассанӣ бо рафти корҳо ошно шуда, аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсол ва содироти энергияи тоза ва таҷдидшаванда дар заминаи рушди «иқтисоди сабз» ёдовар шуда, дастгирии Бонки Ҷаҳониро бори дигар тасдиқ кард. барои саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии тағирёбии иқлим.
(1)(1)(1).jpg)



