
Дар ТГЭМ омӯзиши стандартҳои байналмилалии ISO ба анҷом расид
Дар идараи марказии ширкати ТГЭМ омӯзиши фишурдаи "Аудитори дохилӣ" доир ба Системаи идоракунии муттаҳида (СИМ) бомуваффақият ба анҷом расид, ки стандартҳои калидии байналмилалӣ-ро дар бар мегирифт:
ISO 9001:2015 – Системаи идоракунии сифат
ISO 14001:2015 – Идоракунии муҳити зист
ISO 45001:2018 – Тандурустӣ ва бехатарии меҳнат
Курсро Расулова Мунира Садиқовна, роҳбари мақомоти сертификатсия аз ширкати фаронсавии Bureau Veritas Tashkent, мутахассиси сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон, аудитори пешбар оид ба ISO 9001/14001/45001, роҳбарӣ намуд. Ӯ таҷрибаи васеи омӯзиш ва гузаронидани аудитҳои СИМ-ро дар объектҳои инфрасохтории бузург дорад.
Дарсҳо ба таври ҳузурӣ баргузор гардида, ба таҷрибаи амалӣ ва истифодаи стандартҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи воҳидҳои ширкат равона шуда буданд. Ҳамаи иштирокчиён имтиҳони ниҳоиро бо муваффақият супорида, шаҳодатномаҳои байналмилалии “Аудитори дохилӣ оид ба СИМ”-ро ба даст оварданд, ки донишу малакаи онҳо дар соҳаи аудитҳои дохилӣ, идоракунии хатарҳо ва такмили равандҳоро тасдиқ менамояд.
ТГЭМ пайваста фарҳанги сифат, рушди устувор ва бехатарии меҳнатро тақвият дода, ба рушди касбии кормандонаш сармоягузорӣ менамояд.




