Оғози татбиқи нахустин лоиҳаи бузурги энергетикаи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт дар Тоҷикистон

Оғози татбиқи нахустин лоиҳаи бузурги энергетикаи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт дар Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи нахустин лоиҳаи бузурги энергетикаи офтобӣ бо иқтидори умумии муқарраршудаи 500 МВт оғоз гардид, ки марҳилаи навро дар рушди инфрасохтори муосири энергетикӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия оғоз менамояд.

Дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Аён Энерджи» ба имзо расид, ки тарҳрезӣ, сохтмон ва ба истифода додани ду неругоҳи офтобии фотоэлектрикиро дар бар мегирад:

- Неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт, вилояти Суғд;

- Неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳун, вилояти Хатлон.

Ин лоиҳа аввалин намунаи татбиқи неругоҳи офтобӣ бо чунин иқтидори бузург дар таърихи Тоҷикистон буда, равиши стратегии кишварро ҷиҳати диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ ва рушди энергетикаи «сабз» инъикос менамояд.

Татбиқи лоиҳа дар доираи иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардидаанд, инчунин мутобиқ ба барномаҳои давлатӣ оид ба рушди энергетикаи барқароршаванда ва таҳкими устувории энергетикӣ амалӣ мегардад.

Ба истифода додани неругоҳҳои офтобӣ ба коҳиш додани норасоии мавсимии неруи барқ, махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон, паст намудани фишор ба низоми энергетикӣ ва таъмини устувори неруи барқ барои аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Мутобиқи шартҳои созишномаи сармоягузорӣ, сармоягузор ӯҳдадор аст корҳои тарҳрезӣ, сохтмон ва ба истифода додани иншоотро то охири соли 2026 анҷом диҳад.

Татбиқи ин лоиҳа заминаи устуворро барои таҳкими амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди энергетикаи аз ҷиҳати экологӣ масъул фароҳам меорад.