
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом расид
Яке аз бузургтарин мусобиқаҳои зеҳнии соли ҷорӣ — мусобиқаи байналмилалии шахматӣ «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар пойтахт бо муваффақият ба анҷом расид. Аз 9 то 16 ноябр дар як майдон даҳҳо гроссмейстерон ва устодони шоҳмот аз 16 кишвари ҷаҳон ҷамъ омаданд. Дар умум 230 иштирокчӣ дар ду гурӯҳ — Гурӯҳи «А» ва Гурӯҳи «В» — рақобат карданд.
Ғолиби мусобиқаи асосӣ
Дар муборизаи шадид дар Гурӯҳи «А» гроссмейстери ҳиндӣ Пранав Ананд, ки 7 имтиёз аз 9 ба даст овард, ғолиб шуд. Ӯ соҳиби ҷоми асосӣ гардида, ҷоизаи пулӣ ба маблағи 10 000 доллари ИМА-ро дарёфт кард.
Сегонаи беҳтарини Гурӯҳи «А»:
Ҷойи 1 — ГМ Пранав Ананд (Ҳиндустон) — 10 000 USD
Ҷойи 2 — ГМ Сергей Дрыгалов (Русия) — 8 000 USD
Ҷойи 3 — ГМ Никита Афанасиев (Русия) — 5 000 USD
Ширкати ТГЭМ яке аз сарпарастони ин мусобиқаи байналмилалӣ буд ва анъанаи дастгирии варзиши зеҳниро дар кишвар идома медиҳад. Барои ширкат рушди шоҳмот ва соҳаҳои дигари зеҳнӣ яке аз самтҳои муҳими масъулияти иҷтимоии корпоративӣ мебошад.
Дар давоми сол ТГЭМ аллакай як қатор мусобиқаҳои бузургро дастгирӣ намуда буд, аз ҷумла Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот, ки он низ дар Душанбе баргузор шуд.
Дастгирии чунин мусобиқаҳои бонуфуз нишон медиҳад, ки ширкат дар рушди фарҳанги варзишӣ, пуштибонии истеъдодҳои ҷавон ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ тавассути варзиш саҳми худро мегузорад.




