Раёсати тандурустии Душанбе бо 20 ҳазор санҷишҳо барои муайян кадани бемории короновирус таъмин шуд.

Раёсати тандурустии Душанбе бо 20 ҳазор санҷишҳо барои муайян кадани бемории короновирус таъмин шуд.

16апрел ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сирятии коронавирус COVID-19, 20 000 адад санҷишҳо майян кардани беморӣ, 10 адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) ва 500 маҷмӯи либосҳои махсуси тиббӣ барои табибон ёрии моддӣ расонида шуд. Ҳаҷми ёрии расонидашуда беш аз 5 млн сомониро ташкил дод. Ширкати ТГЭМ (Тоҷикгидроэлектромонтаж) нақшадорад, ки дар рӯзҳои наздик аз ширкатҳои бонуфуз беш аз 20 адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо харида ба муассисаҳоти тандурустии шаҳри Душанбе дастрас кунад.

Чуноне ки Раёсати иттилоот ва иртиботи хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад, қадами мазкур бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус COVID-19 амалӣ шуд. Ёрдами мазкур дар доираи ташаббусҳои башардӯстона ва хайриявии ширкати ТГЭМ – Тоҷикгидроэлектромонтажи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд.  

Дар ҷараёни тақдими таҷҳизоти тиббӣ, намояндаи ширкатхабар дод, ки санҷишҳои мазкур ба ҳамаи шифохонаҳои давлатии шаҳри Душанбе баробар тақсми хоҳанд шуд. Санҷишҳои барои зуд ташхис кардани вирус, ҷойҳо барои карантини шахсони сироятшуда, инчунин пешгирӣ аз паҳншавии вирус пешбинӣ шудаанд.

Бояд зикр кард, ки ширкати ТГЭМ бо пайравӣ аз ташаббусҳои хайриявии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат – Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ният дорад дар оянда низ чунин ташаббусҳоро бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва садоқату вафодорӣ ба арзишҳои умумиинсонӣ давом диҳад.