Мусобиқаи футболи хурди «КОИНОТИ НАВ 2018»

Мусобиқаи футболи хурди «КОИНОТИ НАВ 2018»

13-уми октябри соли 2018 мусобиқаи футзали «КоинотиНав» ба анҷом расид, ки дар он тими якачини «КОИНОТИ НАВ 2018» пирӯз шуд. Мусобиқаи мазкур бо мақсади оммавӣ гардонидан ва тақвияти рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими рӯҳияи даставӣ дарбайни дастаҳои ширкаткунанда, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги корпоративӣ, дастгирӣ ва баланд бардоштани обрӯи ширкатҳо, ҳавасмандгардонии кормандон ва муайян намудани беҳтарин дастаи футзал байни иштирокчиён ташкил карда шуд.

Мусобиқа дар ҳар марҳила, аз омодагӣ то бозиҳои ниҳоӣ бориояи ҳама чорабиниҳои  ташкилӣ дар сатҳибаланд гузаронида шуд. Дар ин мусобиқот 12 даста ширкат карданд, ки аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ ба 2 гурӯҳ тақсим шуда, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд ва ғолибон бо ҳам дар финал вохӯрданд.

Мусобиқа дар хотири  бозигарон ва мухлисон бо лаҳзаҳои бозиҳои шавқовару аҷоибаш хоҳад монд. Бозингарони инфиродӣ ва дастаҳо бо бозиҳои фарқкунанда ва кори дастаҷамъона фарқ карда, ба онҳо ҷоизаҳо ва унвонҳои махсус доданд. Бовуҷуди ин, ҳар як бозигари дастаҳои ширкаткунанда барои бозии зебою хотирмон ва саҳми арзанда дар тарғиби тарзи ҳаёти солим сазовори таҳсин гардиданд.

Ҳамаи иштироккунандагон даррафти чорабинӣ омодагии баланди хешро нишон доданд.