
Ташкили омӯзишҳо барои хатмкунандагони ДТТ
Дар охири моҳи марти соли 2019 Раёсати кадрҳои ҶСК «ТГЭМ» барои хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ омӯзишҳои машваратӣ доир намуд. Дар рафти онҳо муаррифии ширкат, фаъолияти пурсамари он дар қаламрави Тоҷикистон ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории тренинг муарифӣ намудани ширкат ба ҳайси яке аз корфармоҳои масъулиятнок буд, ки ба тамоми корҷӯён, бахусу смутахассисони ҷавон кафолати болоравӣ дар мансаб тамоми шароитҳоро фароҳам оварда метавонад.












