ТГЭМ сарпарасти кулли нахустин Шоми хайриявии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гардид

ТГЭМ сарпарасти кулли нахустин Шоми хайриявии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гардид

12 июн дар шаҳри Душанбе нахустин Шоми хайриявии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Ин чорабинии васеъмиқёс намояндагони бахши соҳибкорӣ, созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ ва ҷомеаро дар атрофи як ҳадафи умумӣ — дастгирии кӯдакони дорои хусусиятҳои инкишоф ва таъсиси Марказҳои нави дахолати барвақтӣ дар саросари кишвар муттаҳид намуд.

Сарпарасти кулли чорабинӣ ширкати ТГЭМ гардид, ки бо ин иқдом пойбандии худро ба принсипҳои масъулияти иҷтимоӣ ва рушди устувор бори дигар тасдиқ намуд.

Ҳадафи асосии ин Шоми хайриявии ҷамъоварии маблағ барои рушди хизматрасониҳои дахолати барвақтӣ ба кӯдакони дорои нуқсонҳои инкишоф ё хавфи ба таъхир афтодани инкишоф буд. Дар натиҷаи чорабинӣ беш аз 3,6 миллион сомонӣ ҷалб гардид, ки ин имкон медиҳад дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 26 Маркази нави дахолати барвақтӣ таъсис дода шавад. Маблағҳо аз ҳисоби дастгирии сарпарастон, музоядаи хайриявӣ, фурӯши чиптаҳо ва хайрияҳои ихтиёрии иштирокчиён ҷамъоварӣ шуданд.

Барои ТГЭМ иштирок дар ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати ширкат ба ҳисоб меравад, ки ба дастгирии лоиҳаҳои мусоидаткунанда ба беҳтар гардидани сифати зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои наслҳои оянда равона шудааст.

Аз номи ширкат дар чорабинӣ директори молиявӣ Елена Викторовна Зайберт суханронӣ намуд.

Ба гуфтаи ӯ, дастгирии кӯдакон ва рушди хизматрасониҳои иҷтимоии дастрас яке аз самтҳои муҳими масъулияти иҷтимоии корпоративии ширкат мебошад.

«Мо бовар дорем, ки сармоягузорӣ ба кӯдакон — ин сармоягузорӣ ба ояндаи кишвари мост».

«Ҳар як кӯдак, новобаста аз шароити зиндагӣ ва хусусиятҳои инкишоф, ҳуқуқ дорад рушд кунад, қобилиятҳои худро инкишоф диҳад ва нерӯи худро пурра амалӣ намояд».

Елена Зайберт инчунин ба ташкилкунандагони чорабинӣ ва ҳамаи иштирокчиёне, ки ташаббуси рушди низоми кӯмаки барвақтӣ ба кӯдаконро дар Тоҷикистон дастгирӣ намуданд, изҳори сипос кард.

ЮНИСЕФ барномаҳои дахолати барвақтиро барои кӯдакони синни хурдсол амалӣ менамояд. Ин барномаҳо барои сари вақт муайян намудани хусусиятҳои инкишофи кӯдакон, расонидани дастгирии зарурӣ ба оилаҳо ва фароҳам овардани шароит барои ҳамгироии пурраи кӯдакон ба ҷомеа мусоидат мекунанд. Тибқи арзёбии созмон, кӯмаки барвақтӣ дар рушди минбаъдаи кӯдак ва баланд бардоштани сифати зиндагии оила нақши калидӣ мебозад.

Ташаккули муҳити бештар фарогир, ки дар он ҳар як кӯдак метавонад нерӯи худро амалӣ намояд, вазифаи муҳими тамоми ҷомеа мебошад. ТГЭМ равишеро дастгирӣ мекунад, ки ба ҳамкории давлат, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши соҳибкорӣ асос ёфтааст. Маҳз чунин ҳамкорӣ имкон медиҳад натиҷаҳои назарраси иҷтимоӣ ба даст оварда шуда, зиндагии одамон ба самти беҳтар тағйир дода шавад.