ТГЭМ ғолиби ҷоизаи миллии «Бренди сол — 2025» эътироф гардид

ТГЭМ ғолиби ҷоизаи миллии «Бренди сол — 2025» эътироф гардид

11 декабр дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол — 2025», ки зери шиори «Қуллаи шараф» баргузор гардид, доир шуд. Тибқи натиҷаҳои озмун, ҶСК «ТГЭМ» соҳиби ҷоиза гардид ва мақоми яке аз брендҳои машҳур ва босуботи ватаниро тасдиқ намуд.

Дар ин чорабинии тантанавӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Ҳолиқзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Абдурахмон Абдурахмонзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳмонзода, инчунин роҳбарияти як қатор вазоратҳо ва идораҳо иштирок карданд.

Озмуни «Бренди сол» ба иҷрои супоришҳо ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди бахши хусусӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тарғиби брендҳои миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ равона шудааст.

Соли 2025 озмун бори панҷум баргузор гардида, 116 брендро дар 14 номинатсия ва 65 зеринноминатсия муттаҳид сохт.

Ифтихорёбии ҶСК «ТГЭМ» дар ин озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ нишондиҳандаи боварии баланд ба ширкат, обрӯ ва нуфузи устувори он дар соҳаҳои сохтмон ва энергетика, инчунин саҳми назарраси он дар рушди инфрасохтор ва иқтидори саноатии кишвар мебошад.

Ширкат ба ташкилкунандагони озмун изҳори сипос менамояд ва ин дастовардро омили муҳими рушди минбаъда, таҳкими фарҳанги корпоративӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегии барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим меҳисобад.