ТГЭМ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол — 2026» дар соҳаи энергетика эътироф гардид
ҶСК «ТГЭМ» ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол — 2026» дар соҳаи энергетика гардид. Маросими тантанавии ҷоизасупорӣ дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, баргузор шуд.
Ҷоизаро ба директори генералии ТГЭМ Иқбол Сафари Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа супорид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол — 2026» бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ба қадрдонии дастовардҳои намояндагони бахши соҳибкорӣ, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми назаррас мегузоранд, равона шудааст.
Ғолибияти ТГЭМ дар бахши энергетика ҳамчун эътирофи саҳми ширкат дар рушди инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ ва таҳкими иқтидори муҳандисию сохтмонии ватанӣ арзёбӣ мегардад.
ТГЭМ тӯли солҳои зиёд дар сохтмон ва навсозии иншооти энергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обӣ, неругоҳҳои барқи офтобӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ фаъолона иштирок менамояд.
Ҷоизаи бадастомада аҳамияти фаъолияти ТГЭМ-ро дар соҳаи энергетика таъкид намуда, барои татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, ки ба рушди устувор ва таҳкими истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд, ангезаи иловагӣ мебахшад.
ТГЭМ признана победителем республиканского конкурса «Предприниматель года — 2026» в сфере энергетики
