ТГЭМ дар 5-умин Конфронси байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба сохтмони роҳҳо иштирок намуд

ТГЭМ дар 5-умин Конфронси байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба сохтмони роҳҳо иштирок намуд

ТГЭМ дар 5-умин Конфронси байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба сохтмони роҳҳо (CARC 2026), ки аз 24 то 26 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар доираи барномаи кории конфронс намояндагони ширкат дар баррасии масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори роҳ, технологияҳои муосири сохтмон, истифодаи маводҳои нав, рақамикунонии соҳа ва ҷорӣ намудани низомҳои интеллектуалии нақлиётӣ иштирок карданд.

Дар ҷараёни конфронс ба масъалаҳои устувории экологӣ, равишҳои ESG ва қарорҳои муосири муҳандисӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилотҳои роҳсозӣ, ширкатҳои байналмилалӣ, инчунин коршиносон, муҳандисон, лоиҳакашон ва олимон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Аврупо, Чин ва ИМА иштирок намуданд.

Иштирок дар CARC 2026 барои ТГЭМ имконият фароҳам овард, ки таҷрибаи касбиро мубодила намояд, бо қарорҳои муосири соҳавӣ шинос гардад ва ҳамкориро бо намояндагони соҳаи роҳсозӣ ва инфрасохтор тақвият бахшад.