
ТГЭМ бо ширкати HRE Co. Ltd шартнома имзо намуд
ҶСК «ТГЭМ» шартномаи ҳамкориро бо HRE Co. Ltd (Ҷумҳурии Корея) ба имзо расонид, ки ҳадафи он татбиқи як лоиҳаи муҳими энергетикӣ — бунёди ду неругоҳи офтобии автономӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ бо иқтидори умумии 6 МВт мебошад.
Шартнома таъминоти таҷҳизоти баландтехнологӣ ва иҷрои маҷмӯи пурраи корҳои сохтмонӣ ва васлгариро дар бар мегирад. Ҷонибҳо омодагии муштараки худро ба истеҳсоли неруи тоза ва рушди устувори зерсохторӣ таъкид намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея амалӣ хоҳанд шуд. Ба истифода додани иншоотҳо дар нимсолаи дуюми соли 2026 пешбинӣ гардидааст.



