
Иштироки намояндагони ТГЭМ дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2025
Аз 14 то 16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» бо шиори «Иқтисоди сабз — имкониятҳои имрӯз барои ояндаи устувор» доир гардид.
Дар ин форум намуяндагони ҶСК «ТГЭМ» фаъолона иштирок варзиданд. Барномаи форум аз ҷаласаҳои панелӣ, мулоқотҳои сармоягузорӣ, презентатсияҳои лоиҳаҳо ва шабакасозии касбӣ иборат буд.
Ҳайати ТГЭМ дар чарчи мулоқотҳо бо сармоягузорону шарикони байналмилалӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика, сохтмон ва рушди устуворро баррасӣ кард. Таваҷҷуҳи хоса ба истифодаи технологияҳои «сабз» ва мудирияти масъулияти экологӣ дода шудааст.
Иштироки ТГЭМ дар форум қадами муҳим дар таҳкими нуфузи ширкат дар сатҳи байналмилалӣ ва кушодани имкониятҳои нав барои ҳамкорӣ бо сармоягузорони ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.



