
ТГЭМ kids (кӯдакон) – мукофотсупорӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ширкаткунандагони мусобиқаи расмҳо
10 июн дар Маркази дилхушии “Космоленд” ТГЭМ мукофотсупуорӣ ва тақдими туҳфаҳоро ба кӯдакон, ширкаткунандагони мусобиқаирасмҳо, ки ба рӯзи таъсисёбии ширкат ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, дар доираи барномаи “ТГЭМ kids” бахшида шуда буд, ташкил кард.
Барои наврасону ҷавонон барномаи дилхушӣ бо иштироки қаҳрамонони афсонавӣ, зиёфат ва гӯшаи суратгирӣ ташкил карда шуд. Ғолибони ҷавону наврас мукофотҳои сазовори худро гирифта, бо як ҳаловату интизориҳо рақсиданду аксбардорӣ карданд. Баъди анҷоми барнома кортҳои худро, ки ширкат тақдим карда буд, гирифта ба майдончаҳои бозӣ ва дилхушӣ, ки вақтгузаронии хушедоштанд, раҳсипор шуданд.
ТГЭМ ҳамчун ширкате ки масъулияти иҷтимоӣ дорад, мунтазам чорабиниҳои иҷтимоии гуногунсамтро баргузор мекунад.
Чунин навъи ташаббус барои ба ҳам овардан ва шиносоии хонаводаҳои ҳамкорони мо равона карда шудааст.
МО ТГЭМ ҳастем - ҳамчун як хонавода!








