НБО «Себзор» аввалин бор дар ҷаҳон гувоҳномаи Стандарти тавсеъаи пойдорро дарёфт кард.

НБО «Себзор» аввалин бор дар ҷаҳон гувоҳномаи Стандарти тавсеъаи пойдорро дарёфт кард.

Лоиҳаи НБО «Себзор», ки сохтмони онро ширкати ТГЭМ анҷом медиҳад, ба унвони аввалин лоиҳа дар ҷаҳон дорои гувоҳномаи мутобиқ бо стандартҳои тавсеъаи пойдор эълон шуд. 

ТГЭМ босифат ва боэътимод месозад

Ширкати ТГЭМ ба таври фаъол лоиҳаҳоеро барои бунёди сохтмонҳои зерсохтӣ, аз ҷумла сохтмонҳои  гидротехникӣ иҷро мекунад. Сифати баланди кори мутахассисони ширкат боис мешавад то имконияти сохтмонҳо ба натиҷаҳои болотаре даст ёбад.  

НБО «Себзор», ки аз ҷониби ТГЭМ дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта мешавад, аввалин нерӯгоҳ дар ҷаҳон аст, ки  гувоҳномаи Стандарти тавсеъаи пойдори барқи обиро дарёфт мекунад.

Стандарти тавсеъаи устувори барқи обӣ - як тарҳи гувоҳиномаи мустақил барои тавсеъаи устувори бахши барқи обӣ-гидроэнергетикӣ мебошад, ки лоиҳаҳои барқи обиро таъйид мекунад, ки ҷавобгӯ ба таҷрибаҳои пешқадам мебошад.

Бо вуҷуди ин, бояд таъкид кард, ки гувоҳномаҳои содиршудаи мутобиқ бо Стандарти тавсеъаи устувории барқи обӣ-гидроэнергетикӣ, нишондиҳандаҳои устувори лоиҳаҳои алоҳидаи барқи обиро дар марҳилаи муайяни таҳия ва/ ё баҳрабардорӣ инъикос мекунанд. Судури гувоҳиномаи Стандарти устувории барқиобӣ маънои онро дорад, ки як лоиҳаи хос ё мушаххас ба меъёрҳои сахттгиронаи ESG, ки дар Стандарти устувории барқи обӣ баён шудаанд, мутобиқат мекунад ва мақоми таъйиди/ тасдиқи ё намояндагии ширкат-соҳибмулки лоиҳаи барқи обӣ маҳсуб намешавад.

 Дар ҳоли ҳозир, мутахассисони ТГЭМ дар сохтмони асосии нерӯгоҳи обӣ,  мавзеъи сарбанди нерӯгоҳ, бинои нерӯгоҳи обӣ ва пули асосӣ машғули кор ҳастанд.

НБО «Себзор» - лоиҳаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дастгирии молиявию техникии Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон тавассути Бонки Олмон, KfW, Оҷонсии тавсеъаи байнулмилалии Иёлоти муттаҳидаии Амрико, Котиботи умури иқтисодии Шветсария ва Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.

Аввалин дар ҷаҳон

Ашок Хосла - раиси Шурои мудирияти устувори нерӯи барқи обӣ ва коршиноси тавсеъаи устуворӣ, комёбии ширкати Помир Энерҷиро муҳим арзёбӣ кард: “Уҳдадории ширкат барои татбиқи таҷрибаҳои пешқадам дар тавсеъаи устувор натиҷа дод. Мо бесаброна роҳбарии минбаъдаи Помир энерҷӣ -ро дар тавсеъаи устувори нерӯи барқ интизорем, зеро ширкати мазкур барои татбиқи стандартҳои устувори нерӯи барқ дар тамоми фаъолиятҳои худ кор мекунад,”- зикр кард Ашок Хосла.

«Мо сарбаландем аз он ки дар тавсеъаи устувори нерӯи барқи обӣ дар Тоҷикистонва берун аз он пешсаф ҳастем, - гуфт Амрихон Раимов, директори генералии Помир энерҷӣ: - Себзор танҳо оғози фаъолияти мо дар таъмини нерӯи барқи тоза,боэътимод, дастрас, ҳифзи муҳити зист ва дастгирии ҷомеае ки бярояш хидмат мекунем, маҳсуб мешавад».


Аввалин гувоҳномаи тиллоии стандарти нерӯи барқи обии устуворро дар таърих дарёфт кард.


Лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар Тоҷикистон барои мувофиқат ба талаботи Стандарти тавсеъаи устувори барқи обӣ ба расмият шинохта шуду  гувоҳномаи тиллоиро соҳиб гашт. Ин дастовард боис мешавад, ки НБО «Себзор» аввалин лоиҳае дар ҷаҳон бошад, ки мутобиқ ба Стандарти байнулмилалии тавсеъаи устувори нерӯи барқи обӣ, ки моҳи марти соли 2023 ҷорӣшуда буд, гувоҳнома дарёфт кунад. Далер Ҷумъа - вазири энергетика ва захираи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти дастёбӣ ба лоиҳаи "Себзор"-ро муҳим арзёбӣ карда, аз уҳдадориҳои ҳукумат дар самти ҷорӣ кардани тавсеъаи устувордар бахши барқи обӣ таъкид кард.

Стандарти байнулмилалии тавсеъаи устувори барқи обӣ якмеъёри  байнулмилалии шинохташуда барои арзёбӣ ва таъйиди лоиҳаҳои барқи обӣ бар асоси як қатор меъёрҳои муҳитзистӣ, иҷтимоӣ ва мудирият (ESG) мебошад. Лоиҳаҳое, ки ба стандарт мувофиқанд, уҳдадор мешаванд, ки Эъломияи Сан-Хосе доир ба нерӯи барқи обии устуворро риоя кунандва он таъкид мекунад, ки “нерӯи барқи обӣ” ягона роҳи қобили қабули пешравӣ аст.

Стандарти мазкур илова бар эътироф, дастрасӣ ба сармоягузорӣ тавассути ҳамоҳангсозӣ бо чаҳорчӯбаи устувории созмонҳое ба монанди Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байнулмилалии молия (IFC), Ибтикори вомбаргҳои қарзии иқлимӣ ва нерӯи барқи таҷдидпазир - бароқароршавандаро осон мекунад.


Себзор — намунаи хуби ҳамкорӣ


Арзёбии лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар Тоҷикистон бо шарофати дастгирии Котиботи давлатии умури иқтисодии Шветсария (SECO) ва Хазинаи арзёбии нерӯи обӣ ESG (HESG) имконпазир шуд. Себзор яке аз аввалин гирандагони ин хизинабуд, ки ҳадафаш мусоидат ба тавсеъаи устувори нерӯи барқи обӣ тавассути дастгирии арзёбии хатарҳо ва имкониятҳои муҳитзистӣ, иҷтимоӣ ва мудирият мебошад.

 

Даниел Менебҳи, мудири барномаи SECO - Котиботи давлатии умури иқтисодии Шветсария изҳор дошт, ки “Себзор - як намунаи хуби ҳамкорӣ бо Бунёди HESG - Хазинаи арзёбии нерӯи обӣ аст. Мо мехоҳем арзёбиҳои устувориро дар ихтиёри лоиҳаҳои барқи обӣ қарор диҳем ва ба онҳо дар муайян кардани камбудиҳо ва бартараф кардани онҳо ёрӣ расонем. Он инчунин бояд ба таҳиягарон дар дастрасӣ пайдо кардан ба сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути вомбаргҳои сабз ёрӣ расонад. SECO - стандарти устувории барқи обиро дастгирӣ мекунад, зеро татбиқи стандарт устувории сармоягузорӣ дар ин соҳаро беҳтар мекунад."


Жоао Кошта - роҳбари тавсеъаи устувори Ассотсиатсияи байнулмилалии барқи обӣизҳор дошт: "Мо бисёр хушҳолем, ки дастоварди Себзорро ба унвони аввалин лоиҳаи ҷаҳон, ки дорои гувоҳномаи Стандарти устувории барқи обӣ аст, таъкид мекунем. Дар ҳоли ҳозир беш аз 30 лоиҳа дар ҳоли арзёбӣ қарор доранд ва мо муштоқона интизорем, ки онҳо дар солҳои оянда эътироф шаванд.”


Ин рӯйдод аввалин бор дар ҷаҳон дар рӯйдоде ки ба таври муштарак тавассути Ассотсиатсияи байнулмилалии барқи обӣ, ITAIPU Binacional, Кумитаи иҷроияи Хазинаи байнулмилалии наҷоти Арал, Бунёди Оқохон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.


Ин рӯйдод ба омӯхтани робитаҳои мутақобилаи об, нерӯи барқ ва муҳити зист ва чӣ гуна онҳометавонад ба бахшҳои об, кишоварзӣ ва муҳити зист бо таваҷҷӯҳ ба ҳамкориҳои байни кишварҳо судманд бошанд.  Лоиҳаи барқи обии «Себзор» қаблан аз абзор-воситаҳои муҳитзистӣ, иҷтимоӣ ва мудирият (HESG),ки доир ба камбудиҳо гузориш медод, барои беҳбуди устувории кулли лоиҳа истифода мекард.