
Ифтитоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, беморхонаимарказии дуошёна ва маркази ташхису табобатии сеошёнаро пас аз сохтмон ванавсозии биноҳои мавҷуда мавриди истифода қарор доданд.
Дар ин биноҳо шуъбаҳои гуногуни ташхисиву табобатӣ, аз ҷумлатаваллудхонаи муосир бо навтарин техникаву таҷҳизот ҷойгир шудааст, ки дармаҷмуъ дорои 188 кати хоб мебошад.
Маркази ташхису табобатӣ аз шуъбаҳои қабул, ёрии фавриитиббӣ, ташхисӣ, озмоишгоҳ, шуъбаи ҷарроҳӣ, таваллуд, шуъбаи акушерӣ, кӯдакона,калонсолон ва табобати интенсивӣ бо иқтидори 60 кати бистарӣ иборат мебошад.
Дар доираи амалишавии лоиҳа навсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ,корезӣ, гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, барқ ва сохтмони иншоот барои истеҳсоли газитабобатӣ ё худ оксиген ба анҷом расонида шудааст.
Дар доираи Лоиҳаи мазкур иншоот бо мебел ва асбобу таҷҳизотимуосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, кикорҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, аз ҷонибипудратчӣ – ширкати сохтмонии ҶСК“ТГЭМ” бо сатҳу сифати баландба анҷом расонида шудааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣва таъмиру навсозии иншоот баҳои баланд дода, табибонро ба сифатнок анҷомдодани рисолати касбии худ ҳидоят намуданд.





.jpg)


