
РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКА МУБОРАК!
Рафиқони азиз, энергетикони муҳтарам!
Шуморо аз номи коллективи ҶСК «Точикгидроэлектромонтаж» ва шахсан аз номи худам ба муносибати иди касбиамон — Рӯзи энергетикҳо аз таҳти дил муборакбод менамоям!
Ба шарофати кори ҳаррӯзаи худ мо ба ҳар хона гармӣ ва равшанӣ меорем, яъне ба одамон чизе медиҳем, ки бе он зиндагии онҳо имрӯз номумкин аст. Ва мо шодем, ки ин кори муҳимро якҷоя иҷро карда истодаем.
Дар ин рӯзи идона таманнои онро дорам, ки дар кори мо ҳодисаҳои ғайричашмдошту ногаҳонӣ ва воқеъаҳои тасодуфи садамавӣ ҳарчи камтар руй дода, иншооттҳои сохтаамон боэътимоду устувор кор кунанд.
Дар соли 2017-и омадаистода ба шумо ва наздиконатон субот, бурдборӣ, хушбахтӣ ва саломатӣ таманно дорам!
