.jpg)
ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ДАР ТГЭМ
Замоне, ки ҷавонони сершумори тоҷик гӯё бахотири пайдо намудани ҷойгоҳи хеш роҳи муҳоҷиратро интихоб менамоянд, дар бозори меҳнати дохилӣ бахре аз ширкатҳои муваффақи маҳаллӣ бо камбуди кадрҳо рӯбарӯ ҳастанд.
Масалан, ҶСК «ТГЭМ», ки бо зиёда аз 5000 нафар кормандони худ дар саросари ҷумҳурӣ ба татбиқи беш аз 20 лоиҳаи гуногун ҳаҷм машғул мебошад, ҳанӯзҳам ба ҷалб намудани шумораи зиёди мутахассисони соҳибихтисос зарурат дорад. Онҳоро аз куҷо мебояд дарёфт, омода намуд ва ҳавасманд гардонд? Ба ин ва дигар саволҳои мо сардори шӯъбаи кадрҳои ширкат Элдар Аблаев посух дод.
-Элдар, лутфан дар бобати фаъолияти шуъбаи худ мухтасар маълумот медодед. Ин дам бо чӣ кор машғулед ва сипас чӣ нақшаҳо доред?
-Раёсати идоракунии захираҳои меҳнатии ТГЭМ бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои кормандони ташкилот ба ҷустуҷӯ ва ба кор қабул кардани нафарони соҳибихтисос, такмили ихтисоси онҳо, инчунин ҳавасмандгардонии ҳайъати коргарон машғул аст.
-Ҳоло ширкати Шумо ба кадом мутахассисон ниёзи бештар дорад?
— Ба мо ҳам кадрҳои роҳбарикунанда ва ҳам коргарони қоторӣ лозиманд. Аз чумла, инҳо метавонанд муҳандисони сохтмону энергетикҳо, муҳосибон, ронандагон, кафшергарон, барқчиҳо, васлгарон, ва ғайра бошанд.
Боиси тазаккур аст, ки дар корхонаи мо барои пешрафти коргарони нав, алалхусус дар ҷодаи болоравӣ дар мансаб тамоми шароитҳо мавҷуд мебошанд.
- Яъне шумо дорои ҷойҳои кории холӣ мебошед. Аммо ҳангоми пешниҳоди вазифаҳо дар TГЭM довталабонро чӣ дурнамо интизор аст?
— Бале, дар коронаи мо чойҳои кории холӣ мавҷуданд. Довталабоне ки ба ширкати мо мепайванданд, пеш аз ҳама ба маоши устувор, имконияти балад бардоштани касбияти худ, ва дастрасӣ ба бастаи иҷтимоиро пайдо менамоянд. Ба ибораи дигар гӯем, мо барои ҳаряк коргар системаи мукаммали баланд бардоштани касбияти ӯро пешниҳод менамоем
Барои мутахассисони ҷавон дар коллективи мо фаъодият доштан худ як бартарии арзада ба ҳисоб меравад, зеро TГЭM дар саноати сохтмон аллакай обрую нуфузи мусбат дошта, чун ширкати пешсаф ва ҳам якнавъ мактаби сайқалдиҳии ҳунару малака, шинота шуда аст.
Хулоса, дарҳои мо барои онҳое, ки мехоҳанд бо меҳнати пурсамари худ тариқи зинаҳои касбӣ боло рафта, вазъи молиявии худро беҳтар намуда, дар пешрафти Ватан саҳми арзанда гузоранд, ҳамеша бозаст.
-Барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ Шумо коргаронаторо чӣ гуна ҳавасманд мегардонед?
—Барои ҳавасмандгардонии кормандон мо чорабиниҳои корпоративӣ мегузаронем, тӯҳфаҳои гаронбаҳо тақдим менамоем, мунтазам омӯзиш мегузаронем, суғуртаи тиббиро аз ҳисоби ширкат ба роҳ монда, кормандони худро дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ дастгирӣ меамоем.
Танҳо худи ҳамин сол мо барномаеро роҳандозӣ намудем, ки тибқи он ширкат барои кормандон маблағи машғулиятҳоро дар маҷмааи варзишӣ пардохт карда, барои таҳсили фарзандони кормандони муҳандисию техникӣ, ки беш аз се сол боз дар корхона кор мекунанд, расонидани кумаки молиро ба уҳда гирифт.
-Зимнан, давлат кушиш мекунад, ки диққати корхонаҳороба омода намудани кадрҳои худӣ ҷалб намояд. Аммо, аз чӣ бошад ки корҳо дар ин самт назаррас нестанд. Шумо дар ин бобат чӣ гуфта метавонед?
—Мо дар ин самт бо донишгоҳҳои тахассусии кишвар, аз қабили Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баноми академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва ғайра тафоҳумномаҳои ҳамкорро ба имзо расонидаем.
Ба ин васила донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва касбию техникӣ имкони таҷрибаомӯзӣ, алалусус таҷрибаомӯзи музднокро дар муассисаҳои ширкат пайдо намуданд.
Илова бар ин, мо мунтазам малакаи кормандони худро такмил дода, дар якҷоягӣ бо мутахассисони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар дар заминаи TГЭM имконоти омӯзиш ва бозомӯзии бекорони ба қайд гирифташударо баррасӣ карда истодаем.
Ба ғайр аз ин, коргарони асосии мо давра ба давра барои дастрасии дараҷаи навбатӣ аз рӯи ихтисоси худ имтиҳон месупорад, ки натиҷаи мусбати он базиёд шудаи музди меҳнати онҳо таъсиргуор хоҳад буд. Барои ин шуъбаи мо якчоя бо роҳбарияти корхона тамоми шароитҳои заруриро фароҳам меоварад.
Истифодаи ин усулҳо дар идоракунии корхона моро имкон медиҳад, ки на танҳо резерви кадриро дар коргоҳ ташкил намоем, балки дар ин соҳа боз ба нишондиҳандахои баланд ноил гардем.
Дар ин росто қайд кардан ба маврид аст, ки дар амалисозии аксари лоиҳаҳо дар ҳайати ширкати мо як қатор мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ аз Чин, Русия, Олмон, Ҳиндустон, Туркия, Украина, Қазоқистон ва Эрон кор мекунанд.
Ҳамин тавр, мо барои коргаронамон дар истеҳсолот имконоти мубодилаи афкор намудан бо ҳамкасбони хориҷӣ, истифода бурдан аз таҷрибаи пешқадами онҳо, мутобиқ шудан ба стандартҳои замонавӣ дар корҳои сохтмон, васлгарӣ ва ба истифода супоридани иншоотоҳои ҷадидро фароҳам меоварем.
Аз ин хотир боварӣ дорем, ки мубодилаи мусбати таҷрибаи пешқадам ба мутахассисони ширкат нафъовар буда, ба ташаккули шахсият ва касбияти онҳо ба таври мусбат мусоидат хоҳад намуд.
-Агар худи ҳозир касе хоҳиши ба дастаи шумо пайваст шуданро пайдо намояд, барои худ аз куҷо маълумот гирифта метавонад?
- Мо дар саҳифаи Фейсбук ва вебсайти корпоративии худ хеле фаъол буда, он ҷо мунтазам хабарҳо дар бораи ширкат ва ҷойҳои кори холии ҷорӣ маълумот нашр менамоем.
Ҳар довталаб метавонад ҳолнама \резюмеи\ худро ба суроғаи hr@tgem.tj ирсол кунад, ё бо рақамҳои 990 000 022,
990 000 033 ба мо занг занад.
.jpg)
(1).jpg)
.jpg)

