
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» — бузургтарин иншооти энергетикии кишвар шинос шуданд.
Дар ҷараёни боздид Сарвари давлат аз як қатор қитъаҳои калидии сохтмони неругоҳ, аз ҷумла сарбанд, нақби нақлиётии №39, обқабулкунаки асосӣ, чоҳҳои дарвозаҳои асосӣ ва таъмирии обқабулкунаки доимӣ, ҳавзи оромкунандаи нақбҳои обпартои соҳили рост, инчунин маҷмааи иншооти нақби сохтмонии СТ-4 дидан намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рафти сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» зоҳир гардид. Пас аз анҷоми тамоми корҳои пешбинишуда баландии он ба 335 метр расида, сарбанд ба баландтарин сарбанди сангрезавӣ дар ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.
Яке аз қисматҳои муҳими сафари корӣ боздид аз иншооти СТ-4 дар соҳили рости Неругоҳи барқи обии «Роғун» буд, ки дар он маҷмӯи назарраси корҳои сохтмонӣ ва васлу насб аз ҷониби ширкати ТГЭМ иҷро мегардад.
Нақби сохтмонии СТ-4 барои гузаронидани оби дарёи Вахш дар давраи бунёди сарбанд ва иншооти асосии неругоҳ пешбинӣ шудааст. Иқтидори максималии обгузаронии нақб 3 500 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. Таҷҳизоти гидромеханикии маҷмаа барои фаъолият дар шароити фишори об то тақрибан 150 метр пешбинӣ гардидааст.
Дар таркиби маҷмаа чор дарвозаи кории радиалӣ пешбинӣ шудааст, ки барои танзими ҷараёни об хизмат мекунанд. Барои фаъолияти таҷҳизот низоми ягонаи таъминоти барқ бо имконияти ба таври худкор гузаштан ба манбаи эҳтиётӣ дар ҳолати қатъ гардидани таъминоти барқ аз манбаи асосӣ ташкил шудааст.
Зимни шиносоӣ бо корҳои иҷрошуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаҷм ва мураккабии сохтмони иншооти зеризаминии гидротехникӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати таъмини сифати баланд ва сари вақт иҷро намудани тамоми корҳои пешбинишударо таъкид карданд.
Дар доираи сафари корӣ Сарвари давлат ҳамчунин аз хобгоҳи нави аз ҷониби ҶСК «ТГЭМ» барои мутахассисон ва кормандони ширкат, ки дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» фаъолият доранд, бунёд гардидааст, боздид намуданд.
Хобгоҳи нав аз 84 ҳуҷра иборат буда, бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир ва бароҳат барои истиқомат ва истироҳати кормандон сохта шудааст. Ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, дар ҳудуди иншоот низоми назорати видеоӣ насб ва чораҳои зарурии бехатарӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҷойгиршавии хобгоҳ дар наздикии қитъаҳои сохтмонӣ имкон медиҳад, ки вақти рафтуомади кормандон коҳиш ёфта, барои ташкили самараноки раванди кор шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаи рушди минбаъдаи инфрасохтори ТГЭМ дар ҳудуди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муаррифӣ гардид, ки сохтмони биноҳои иловагӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасонро пешбинӣ менамояд.
Сарвари давлат муҳандисон, мутахассисон ва сохтмончиёнро ба истифодаи самараноки шароити фароҳамгардида ҳидоят намуда, ба таъмини сифати баланди корҳо ва риояи муҳлати муқарраршуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва энергетикии Тоҷикистони муосир ба ҳисоб меравад. Иштироки ТГЭМ дар татбиқи ин лоиҳа иҷрои корҳои мураккаби сохтмонӣ, васлу насби таҷҳизоти барқӣ ва гидромеханикиро дар иншооти дорои аҳамияти стратегӣ фаро мегирад.
Ширкати ТГЭМ корҳои худро дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» идома дода, таҷрибаи бисёрсолаи муҳандисӣ, технологияҳои муосир ва меҳнати касбии мутахассисонро барои татбиқи яке аз бузургтарин лоиҳаҳо дар таърихи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон равона менамояд.




.jpg)







