
Сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ «Корез» босуръат идома дорад
ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» лоиҳаи «Тарҳрезии зеристгоҳи 110/35/10 кВ «Корез» ва хати ҳавоии 1О кВ аз зеристгоҳи «Лолазор» то зеристгоҳи «Корез»-ро амалӣ менамояд, ки тарҳи муфассали он дар заминаи супориши техникӣ аз ҷониби ҶДММ «Чунтай-Данғара синсилу текстил» ва талаботҳои техникии ҶСК «Бақри Тоҷик» таҳия шудаанд,
Ҷойгиршавии зеристгоҳи 110/35/10 кВ «Корез» дар ҳудуди ноҳияи Данғара - 12 км аз шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар тарафи чап, дар доманакӯҳи Данғара воқеъ мебошад.
Тибқи лоиҳа сохтмони зеристгоҳи «Корез» 110/35/10 кВ, хати ҳавоии дузанҷираи 11 ОкВ аз зеристгоҳи «Лолазор» то зеристгоҳи «Корез», таҷдиди хати ҳавоии 35 кВ бо ташкили «даромаду баромад»-и он ба стансияи ёрирасони лоиҳавӣ, инчунин дар ду камераи эҳтиётӣ насб кардани таҷҳизоти барқии 11О кВ дар дастгохи беруна -11О кВ-и истгоҳи ёрирасони «Лолазор» барои имконипайваст кардани хатти дузанҷираи 11О кВ пешбинӣ шудааст.
Дар зеристгоҳи «Лолазор» насби таҷҳизоти барқии 110 кВ барои пайваст намудани хати дуқабата 110 кВ дарназар дошта шудааст. Таъмин ва идоракунии таҷҳизоти барқии 110 кВ аз системаи мавҷудаи ёрирасон ва системаи идоракунии зеристгоҳҳо бо роҳи насб кардани барқи иловагӣ, дастгоҳҳои идоракунӣ вобаста аст.
Дар лоиҳа таҷҳизоти ҳозиразамони барқӣ истифода мешавад, ки насб намудан ва ба кор андохтани онҳо аз мутахасисон малакаҳои ҳозиразамонро талаб мекунад. Аз ин лиҳоз маҳорати баланди муҳандисону коргарони ҶСК «ТГЭМ» имкони бо сифати хеле баланд амалӣ шудани лоиҳаро таъмин менамояд.
