Боздид аз ҷараёни корҳо дар  НБО “Роғун”

Боздид аз ҷараёни корҳо дар НБО “Роғун”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

Дар сарбанди НБО «Роғун», дар баландии аз 1140 то 1300 метр аз сатҳи баҳр, пурра корҳои таркишӣ ва хоккорӣ анҷом ёфтаанд, ки ҳаҷми умумии лоиҳавии онҳо 880 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.

Корҳои насби анкераҳои оҳану бетонӣ 80%, анкераҳои зери фишор 85% ва корҳои арматурию бетонӣ 81% иҷро шудаанд.

Айни замон, дар доираи лоиҳа, корҳои мустаҳкамкунӣ дар болои қабулкунандаҳои доимии об идома доранд, ки ҳадафи онҳо иҷрои босифати корҳо аз тарафи коргарон ва мутахассисон мебошад.

Ҳаҷми умумии корҳо дар қисми бетонӣ 55 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад ва то имрӯз 80% корҳо иҷро шудаанд.

Дар минтақаи ядрои сарбанд корҳо шабонарӯзӣ дар ду баст идома доранд, ҳар рӯз беш аз 160 техника ва механизм сафарбар мешаванд. Танҳо дар минтақаи ядрои сарбанд тақрибан 400 нафар кор мекунанд.

Дар ядрои сарбанди нерӯгоҳ 6 намуди маводи асосии сохтмонӣ дар қабатҳо гузошта мешаванд, ки сифати корҳо ҳар рӯз санҷида мешавад.

Айни замон дар ядрои сарбанд дар баландии 1013 метр аз сатҳи баҳр мавод, аз ҷумла гил ва филтрҳо, ҷойгир карда мешаванд. Ҳаҷми лоиҳавии гил дар ядрои сарбанд 7,5 миллион метри мукааб пешбинӣ шудааст ва то имрӯз зиёда аз 561 ҳазор метри мукааб гузошта шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар минтақаи сарбанд 21 миллион метри мукааб маводи гуногуни сохтмонӣ гузошта шудааст.

Ҳар рӯз сарбанди нерӯгоҳ ба ҳисоби миёна тақрибан 50 сантиметр баланд мешавад.

Имсол сатҳи об дар обанбор 5 метр баланд шуд ва ба 1075 метр расид.

Баландии лоиҳавии сарбанди НБО «Роғун» 335 метрро ташкил медиҳад, ки баландтарин сарбанди чунин намуди дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Қабатҳо дар наздикии кӯҳ мутобиқи талаботи технологӣ мустаҳкам мешаванд. Дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои сементкунӣ ва мустаҳкамкунии нишебиҳои чап ва рости кӯҳ то сатҳи 1110 метр идома доранд, ки дар доираи лоиҳа 5093 сӯрохӣ пешбинӣ шудааст. То имрӯз 1800 сӯрохӣ парма карда шудааст ва бо семент пур карда шудаанд.

ҶСП «ТГЭМ» дар сохтмони НБО «Роғун» дар қитъаҳои гуногуни нерӯгоҳ зиёда аз 6200 кормандон ва муҳандисон, инчунин зиёда аз 950 адад техникаи муосир ва таҷҳизотро ҷалб кардааст.

Дар қитъаи дигари сохтмон, ки ширкати Лот 2 «Вибилд» фаъолият мекунад, дар кони №17 маводи гилӣ бо истифодаи 8 таҷҳизоти муосир ва 3 заводи кории ширкати Лот 2 бо иштироки мутахассисони ҶСП «ТГЭМ» коркард ва нигоҳ дошта мешавад. Қувваи лоиҳавии ҳар як таҷҳизот барои коркарди гил аз 50 то 100 тонна дар як соатро ташкил медиҳад. Мисли дигар қитъаҳои сохтмонӣ, коргарони соҳибихтисос ва мутахассисон бо истифодаи техникаи муосир ва таҷҳизот гилро дар кони №17 коркард ва нигоҳ медоранд.

Айни замон дар кони №17 1,5 миллион метри мукааб гил коркард ва нигоҳ дошта шудааст. Мувофиқи талаботи сохтмонӣ ва меъёрҳо, пас аз анҷоми корҳои бетонӣ дар ядрои сарбанд, гузоштани гил дар моҳи июни соли ҷорӣ дар баландии 984 метр оғоз ёфт. Айни замон 67 мошини боркаши дорои иқтидори боркашии аз 40 то 90 тонна барои интиқоли гил ба минтақаи ядрои сарбанд машғуланд.