
Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Себзор”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” боздид намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти электронӣ дар бунёди зеристгоҳи 110-киловолтаи Неругоҳи барқи обии “Себзор”, бо ҷалби мутахассисони ширкатҳои ватанӣ - ҶСК "ТГЭМ" ва ҶДММ “Мадад” маҷрои дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа баста ва об аз тариқи канали муваққатии обгузар сар дода шуд.
Баъди дигар кардани маҷрои дарё корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии неругоҳ оғоз ёфт.
Сарбандии асосии неругоҳ бо дарозии 60 метр ва баландии 8 метр сохта шуда, ғунҷоиши оби он 5 миллион кубро ташкил хоҳад дод.
Масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент ва арматура аз шаҳри Душанбе дастрас мегардад.
Коргарони ҶСК "ТГЭМ” баҳри фаъолияти муназзам дар ин ҷо коргоҳи истеҳсоли бетон ташкил кардаанд. Дар маҳалли сохтмон бунёди коргоҳи истеҳсоли қуму шағал дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Мутобиқи иттилои мутахассисон, бунёди неругоҳ дар ин мавзеъ беасос нест, зеро суръати ҳаракати об дар ин ҷо нисбатан тез буда, он дар фасли зимистон ях намебандад ва барои ба ҳаракат даровардани агрегатҳо хеле мувофиқ аст.
Татбиқи Лоиҳаи бунёди неругоҳ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида, он аз се агрегат иборат мебошад.
Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 мВт бунёд мегардад ва дар маҷмуъ, дар давраи сохтмони ин иншоот то 300 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.






