
Кушодашавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 дар шаҳри Душанбе
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ санаи 20 апрели соли 2019 дар маросими ифтитоҳи кушодашавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 дар пойтахт ширкат варзиданд.
Бинои мактаби кӯҳна тахриб ва ба ҷои он бинои нави замонавӣ барои 2400 хонанда дар ду баст сохта шуд.
Муассисаро соҳибкори маҳаллӣ, директори генералии ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Иқбол Сафаров сохтааст.
Ҳоло мактаб аз се бинои чорошёна ва дорои зиёда аз 50 синфхонава 38 синфхонаи ёрирасон иборат аст.
Дар мактаб синфҳои алоҳидаи биология, химия, тайёрииҳарбӣ, геометрия, инчунин кабинетҳои лабораторӣ барои гузарондани таҷрибаҳои гуногун мавҷуданд.
Ғайр аз ин дар ин ҷо маҳфилҳои алоҳида ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо бачагон ҳунарҳои гуногунро меомӯзанд.
Мактаб дорои ошхона барои 160 ҷой, толори варзишӣ иборат аз 420 метри мураббаъ мебошад. Дар дохили бино майдончаи варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 380 ҷойи нишаст, мавҷуд аст.
Пешвои миллат дар мулоқот бо омӯзгорону хонандагони мактаб иброз намуд, ки шароитҳои нави мактаб ба хонандагон имкони ҳарчи бештар сайқал додани илму ҳунарашонро фароҳам хоҳад овард.
