
Ифтитоҳи расмии бузургтарин неругоҳи офтобии кишвар
21 сентябри
соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар
шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобии дорои иқтидори 250 МВт-ро ба истифода доданд.
Неругоҳи
фотоэлектрикии Ашт ба яке аз бузургтарин лоиҳаҳои Тоҷикистон дар соҳаи
энергетикаи барқароршаванда табдил ёфт. Сохтмони он моҳи ноябри соли 2025 бо
ташаббуси ширкати «AYON ENERGY» оғоз гардида буд. Иншоот дар масоҳати 793
гектар ҷойгир шудааст.
Дар доираи
татбиқи лоиҳа дар муҳлати кӯтоҳ инфрасохтори зарурии энергетикӣ барои пайваст
намудани иқтидорҳои нави тавлидӣ ба низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд
карда шуд. Аз ҷумла, аз неругоҳ то зеристгоҳи «Ашт» 220/110/6 кВ хати ҳавоии ду
занҷираи интиқоли барқи 220 кВ бо дарозии 9,8 километр сохта шуд.
Дар масири хат
36 такягоҳ насб гардидааст. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ беш аз 500
мутахассиси ватанӣ ва чинӣ, аз ҷумла мутахассисони ҶСК «ТГЭМ», ҷалб карда
шуданд.
Ба истифода
додани неругоҳи офтобии Ашт иқтидори энергетикии вилояти Суғдро ба таври
назаррас афзоиш дод. Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар минтақа 61 фоиз зиёд
гардида, неругоҳи нав қодир аст тақрибан 40 фоизи талаботи вилоятро ба нерӯи
барқ таъмин намояд.
Татбиқи лоиҳа
ҳамчунин имкон медиҳад, ки талафоти нерӯи барқ ҳангоми интиқол коҳиш дода
шавад, зеро қаблан қисми зиёди нерӯи барқ ба вилояти Суғд аз ҷануби кишвар ба
масофаҳои дур интиқол дода мешуд.
Лоиҳа на танҳо
аҳамияти энергетикӣ, балки аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ дорад. Татбиқи он
ба рушди инфрасохтори муосир, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, омода намудани
мутахассисон ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад. Пас аз ба истифода додани
неругоҳ 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Рушди
энергетикаи офтобӣ яке аз самтҳои афзалиятноки таҳкими иқтидори энергетикии
Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни боздид Сарвари давлат супориш доданд,
ки то соли 2027 дар вилояти Суғд неругоҳҳои иловагии фотоэлектрикӣ бо иқтидори
умумии 700 МВт сохта ва ба истифода дода шаванд, инчунин ҷорӣ намудани
захирагоҳҳои нерӯи барқ бо ғунҷоиши на камтар аз 200 МВт·соат суръат бахшида
шавад.
Ба истифода
додани неругоҳи офтобии Ашт марҳилаи нави рушди энергетикаи барқароршавандаро
дар кишвар оғоз намуда, инфрасохтори энергетикии вилояти Суғдро таҳким
мебахшад.

Официальный запуск крупнейшей солнечной электростанции страны
