
Кӣ дар Тоҷикистон барои рушди футболи наврасон кӯмак мекунад?
Футбол нафақат як бозӣ ё варзиш аст. Футбол, бахусус, барои кӯдакон шодӣ,лаззат ва ҳаяҷон аст! Ин назарро на танҳо роҳбарияти соҳаи ғайриварзиш, ки ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» (ТГЭМ) мебошад, доранд. Чаро?
Дар ин бора на фақат раиси лигаи футболи ҷавонони Тоҷикистон (ЛФҶТ) Увайдо Давлатбеков гуфтааст.
— Гап дар сари он аст, ки бахши энергетикаи кишвар, ки дар ибтидо як навъ локомотив барои тамоми иқтисодиёти ватанй хизмат мекард, барои рушди баъзе намудҳои варзиш, бахусус футбол ҳамеша «энергияи сарфаҷӯӣ»-и худро саховатмандона таксим мекард. Аз ин рӯ, соҳибназарони ин намуди варзиш ботаҳлил таърихчаи шаклгирии футболи Тоҷикистон, қатъан дастовардҳои дастаи «Энергетик»-и Душанберо ба ёд хоҳанд овард, ки баъдан ба «Помир»-и Душанбе маъруф шуд ва сипас ба дастаи афсонавии шумораи 1-и ҷумҳурӣ табдил ёфт.
Дастаҳое, ки ба футболи тоҷик шӯҳрати зиёде ба армуғон оварданд, мутаалиқ ба гузаштаҳо ҳастанд. Фақат ишқ, ҳаяҷон ва иродати писарон ба "Бозии миллионӣ”-иҳаяҷонангез тағйир накардааст. "Ва ин дар айни ҳол бисёр муҳим аст" –ҳамин тавр роҳбарияти ширкати энергетикии ТГЭМ тасмим гирифт, ки оғози фаъоляти худро аз соли 1959 гирифта, таърихи пуршарафи ташаккулёбӣ дорад.
ТГЭМ солҳои тӯлонӣ шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон буда, яке азсарпарастони асосии Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон (ЛФКНТ) мебошадва ба ин васила анъанаи пуршарафи энергетикҳои тоҷикро идома медиҳад.
— Лутфан дар бораи худи Лиганакл кунед.
- Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон як созмони ҷамъиятии варзишӣ буда, барои рушд ва тарғиби футболи кӯдакону наврасон дар кишвар фаъолиятҳои асосиро анҷом медиҳад. Ҳамасола таҳти сарпарастии онму собиқоти футбол баргузор мешавад, ки дар он беш аз ҳазор нафар кӯдакону наврасони аз 12 то 18-сола аз саросари кишвар ширкат мекунанд. Табиист, ки ҳамаи ин рӯйдодҳо бо хароҷоти назарраси молиявӣ алоқаманданд ва хуб аст, ки дар ин масъала мо метавонем аз сарпарастии шарики доимии худ, ки ТГЭМ мебошад, истифода барем.
Футболи кӯдакону наврасон ҷузъи аслии ин намуди варзиш аст. Системаи пешрафтаи футболи бачагона агар мавҷуд набошад футболи калонсолон низ вуҷуд нахоҳад дошт. Аз ин рӯ, ЛФКНТ як платформаи зарурӣ аст, ки дар он бозигарони ояндаи ҳамаи дастаҳо бидуни истисно таҷрибаи арзишманди амалиро дар бозӣ касбмекунанд.
Вазифаи асосии лигаи мо тарбияи бозигарони дараҷаи олй барои дастаҳои яккачини миллии ҷумҳурӣ мебошад. Бачаҳо, киҳоло 16-17 сол доранд, пас аз панҷ-шаш сол дар дастаҳои лигаи олӣ бозӣ мекунанд. Нуқтаи аслӣ акнун ин аст, ки барои инкишофи онҳо шароит муҳайё карда шавад.
Барои муқоиса мешавад ба ин нуқта ишора кард, ки бозигарони насли қаблии футболбозон ба андозаи бозигарони ҳозираи ЛФКНТ таҷрибаи бозй надоштанд. Аз ин рӯ, мо талош мекунем то итминон ҳосил кунем, ки насли навраси футболбозон бештар ҳирфаӣ ва дурахшонтар шаванд ва насли оянда аз назари маҳорат аз футболбозони ҳозира бартарӣ дошта бошад.
- Дар воқеияти имрӯза, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дастаҳо хароҷоти зиёд доранд, ҳатто як созмони футбол наметавонад бидуни ҳимояи молӣ аз хориҷ кор кунад.
Дар Тоҷикистон дар марҳилаи аввали рушд ба футбол кӣ таваҷҷӯҳ дорад ва дар бораи сарпарастонатон чӣ гуфта метавонед?
- Мо аз ин назар бисёр хушбахт ҳастем, ки бо чунин як ширкати ватанӣ, ба мисли TГЭМ, ҳамкорӣ дорем. Бо шарофати сарпарастии он тайи 6 соли охир мо намояндагиҳои худро дартамоми манотиқи кишвар дастгирӣ намуда, ба кормандон музди меҳнат медиҳем.
Ба назари ман, мо бо чунин мавриди нодире рӯ ба рӯ ҳастем, ки сарпарасти мо, ки аз ҷониби ширкати пурифтихори ТГЭМ муаррифӣ мешавад, ба ҳеҷ ваҷҳ барои таблиғи бренди худ ба футболи кӯдакон сарпарастӣ намекунад. Баръакс, ҷиҳатгирии иҷтимоие, ки ба сиёсати ин созмони наҷиб хос аст, бо вазифаҳои мо оид бафароҳам овардани шароити мусоид барои насли навраси футболбозони кишварамон, муайян намудани бозингарони умедбахш барои шомил шудани онҳо ба беҳтарин мактабҳои варзишӣ, шиносоии дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва таҳкими мафҳуми идеологияи тарбияи фарзандон бо руҳияи ватанпарастӣ мувофиқат мекунанд.
Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин ширкат ба футбол огоҳӣ дорад ва ба бозии босифати наврасони мо, ки Тоҷикистонро дар арсаи футболи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд,бо ҷону дил ҳимоят мекунад.
- Тағйироти сохторӣ ба низоми футболи наврасон чӣ гуна таъсир расонд?
- Лигаи кӯдакону наврасон якнавъ лоиҳаи ислоҳоти низоми мусобиқоти наврасон дар Тоҷикистон, роҳи ҳалли навинизоми омодасозии захираҳо мебошад.
ЛФКНТ соли 2017 аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис шуда, тасмим гирифт, ки дар низоми футболи наврасон ислоҳоти куллӣ анҷом диҳад. Аз ҷумла, дар он вақт сохтори нави мусобиқаҳо барои кӯдакони аз 6 то18-сола таъсис дода шуд. Кӯдакони аз 6 то 11 сола барои ширкат дар мусобиқаҳои футболи оммавӣ ба гурӯҳҳои синну соли худ ҷалб карда мешаванд.
Мусобиқаҳои расмӣ дар панҷ гурӯҳи синну сол – аз 12 сола боло баргузор мешаванд. Онҳо шомили мусобиқаҳои байни мактаби варзишии кӯдакону наврасон ва дастаҳои бачагонаи клубҳои лигаи олй мебошанд.
Соли шашум аст, ки барои 10 дастаи беҳтарин дар гурӯҳҳои 14-16 ва 18-сола,ки ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд, мо шакли гузаронидани бозиҳоро барасоси “хона-хориҷ” тамрин мекунем. Дар маҷмӯъ, тибқи шакл ва тавсияҳои мо, ҳар як даста дар як мавсим то 30 бозии расмӣ мегузаронад.
Барои анҷоми ин кор мо як барномаи сохтории мусобикаро тартиб додем. Яъне, хеле равшан аст, ки бозигар дар куҷо, бо кӣ ва кай бозӣ мекунад.
Мақсади мо ин аст, ки ба ҳаряк кӯдак фурсати нишон додани тавоноии худ фароҳам гардад. ЛФКН, ки дар тамоми минтақаҳо намояндагиҳои худро дорад, дар рушди футбол дар маҳалл саҳм мегузорад.
Масалан, ҳоло дар ноҳияи дурдасти Ашти футболи бачагона фаъолона инкишоф меёбад. Вазъият дар ноҳияҳои ҷанубй — Ҷалолиддини Балхй ва Кумсангирниз хубпеш рафта истодааст. Дастаи «Ваҳдат» бошад, ки 3-4 сол пеш аз он касе хабар надошт, соли гузашта дар байни наврасони 16-сола бар бошгоҳҳои пешқадами кишвар пирӯз шуда, қаҳрамони ҷумҳурӣ гардид. Ин нишон медиҳад, ки мо футболро дӯст медорем. Бачаҳои аз ҷиҳати генетикӣ боистеъдод зиёданд. Мо бояд аз ин мавқеъ истифода барем ва барои рушди футболи ватанӣ талош намоем.
— Кадоме аз футболбозони машҳури феълӣ дастпарвари Лига аст, шояд яке аз онҳо аллакай ба қуллаҳои муайян расида бошад?
- Ҳоло ҳайати ситораҳои тими наврасони то 17-сола, ки соли 2018 дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро ишғол намуда, ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2019 роҳ ёфт (он вақт ягона даста аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол баромад мекард) , дар командахои гуногуни лигаи олии мамлакат баромад мекунад.
Агар бачаҳои хурдсолро гирем, метавон Алиҷон Айнӣ, Хусрав Тоиров, Абдуфатоҳ Худойдодзода, Меҳрубон Каримов, Меҳрубон Абдураупов ва Фатҳулло Олимзодаро қайд кард. Ҳамаи онҳо аз лигаи якум шурӯъ карданд.
Абдуфатоҳ Худойдодзода бодастаи «Динамо»-и Брест шартнома баст ва дар лигаи олии футболи Беларус бозӣмекунад. Аммо Кабир Салимшоев, Хуршед Давлатзода ва Меҳрубон Каримов ҳоло дар Туркия қувваи худро месанҷанд.
Дар лигаи олии Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ ҳоло дар кишвари мо хеле муваффақ аст, ӯ дар дастаи «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунад, голҳо мезанад. Мо ба ин бачаҳо умед мебандем ва бовардорем, ки онҳо дар оянда кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Бояд футболро дигар ширкатҳои ватанӣ дастгирӣ кунанд. Мо барои рушди футбол байни кӯдакони аз 6 то 11-сола як қатор лоиҳаҳоро омода кардем, ки имкони иловагии молиявиро тақозо мекунад.
Гап дар сари он аст, ки тибқи омори соли 2020 теъдоди кӯдакони аз 6 то 12-сола дар Тоҷикистон 2 миллиону 745 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва ин як иқтидори бузург барои рушди на танҳо футбол аст. Аз ин рӯ, мобояд раванди омӯзишро ба қадре ҷолиб созем, ки кӯдаконро аз гузаронидани соатҳо дар хона дар назди компютер мунсариф гардонем.
Холо мо дар ҳоли таҳияи роҳнамои махсус барои мураббиёни дастаҳои кӯдакон ҳастем ва аввалин мақолаи он «Одоби педагогӣ» ном дорад, ки дар он тавсияҳои амалӣ дар мавриди бедор кардани меҳри варзишӣ ба бачагон дода шудааст.
Илова бар ин, мехоҳам қайд намоям, ки натиҷаи кори 5-солаи мо дар АФК, ки ба рушди футболи наврасон дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд, бетаъсир намонд. Аз ин рӯ, мо ҳақ надорем, ки дар инкишофи варзиши 1 бефаъол бошем.
