
Ширкати TГЭM ба узвияти Анҷумани байнулмилалии барқиобӣ – IHA даромад.
TГЭM ифтихорманд аст, ки узвияти худро дар Анҷумани байнулмилалии барқиобӣ (IHA) эълон кунад. Ин барои ширкат як рӯйдоди муҳим ва эътирофи саҳми он дар рушди соҳаи барқиобӣ мебошад.
Узвият дар IHA барои TГЭM имконияту фурсатҳои навро барои ҳамкориҳои байнулмилалӣ, табодули таҷриба ва фановариҳои пешрафта дар соҳаи барқиобӣ мекушояд. Ин Анҷуман ширкатҳо ва ташкилотҳои пешравро, ки барои рушди устувор ва истифодаи самараноки захираҳои об машғуланд, муттаҳид мекунад.
TГЭM изҳори итминон кард, ки иштирок дар IHA -Анҷумани байнулмилалии барқиобӣ ба ширкат имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ тақвият кунад, сифати хидматрасониро беҳбуд бахшад ва дар рушди иқтидори барқиобӣ саҳми арзанда гузорад.
TГЭM нақша дорад, ки батаври фаъол дар рӯйдодҳо ва ибтикороти IHA - Анҷумани байнулмилалии барқиобӣ ширкат кунад ва дар талош барои иҷрои беҳтарин шеваҳо ва роҳҳалҳои навоварона дар соҳаи барқиобӣ бошад.
