
Ширкати ТГЭМ стандартҳои мудирияти лоиҳаҳоро тавассути омӯзиши байналулмилалии FIDIC баланд мебардорад.
Дар доираи уҳдадориҳои худ доир ба такмили таҷрибаи мудирият ва таъмини мутобиқат ба стандартҳои байнулмилалӣ, ТГЭМ барои кормандони калидии худ омӯзишҳо аз рӯйи модулҳои FIDIC доирба мудирияти даъвоҳо ва баҳсҳо, инчунин мудириятва маъмурияти шартномаҳо бо муваффақият созмондиҳӣ ва иҷро кард.
Ибтикори гузаронидани омӯзишҳо мустақиман аз сӯйи роҳбарияти ширкат ва шуъбаи захираҳои инсонӣ бармеояд,ки уҳдадории онҳоро барои тавсеъа ва такмили ихтисоси кормандон таъкид мекунад.
Баргузории омӯзишҳои мазкур дар рохи баланд бардоштани ихтисосу малакаҳои кормандони мо қадами муҳим буд. Азхудкунии ҷанбаҳои печида ва мураккаби мудирият ва маъмурияти шартномаҳои FIDIC ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо хавфҳоро ба таври муассир идоракунем, балки сатҳи баланди иҷрои уҳдадориҳои худро дар назди шарикон ва фармоишгарон таъмин кунем.
Ширкат дар омӯзиши роҳбарон-менеҷерони лоиҳаҳо, сардорон ва ҳуқуқшиносони ширкат равиши бисёрсоҳавӣ ва ҳамгироии (фарогирии чанд самту мазмун) ширкати TГЭМ барои тавсеи касбии кормандони худро таъкид мекунад. Ин уҳдадории моро дар дастёбӣ ба стандартҳои баланди мудирияти лоиҳаҳо ва шартномаҳо тасдиқ мекунад.
Баргузории омӯзишҳо аз рӯйи модулҳои FIDIC, аз ҷумла «Мудирияти шикоятҳо ва ихтилофот» ва «Мудирияту маъмурияти шартномаҳо», як қисми муҳими роҳбурд – стратегияи доимии омӯзиш ва тавсеаи мо мебошад. TГЭМ содиқ будани худро ба арзишҳои шаффофият, масъулият ва маҳорати баланди касбӣ дар тамоми ҷанбаҳои мудирияти лоиҳаҳо ва шартномаҳо тасдиқ мекунад. Боварӣ дорем, ки талошҳо ба рушди минбаъда ва комёбии мо дар сатҳи байнулмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

(1)(1)(1)(1).jpg)
(1)(1)(1)(1).jpg)
(1).jpg)
.jpg)
.jpg)

(1).jpg)
