
JICA дар Душанбе ду зеристгоҳи барқиро бунёд ва таҷдид менамояд
Интизор меравад, ки моҳи ноябри соли равон Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» дар Тоҷикистон дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар шаҳри Душанбе ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода диҳад. Дар ин росто, намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои «Лоиҳаи беҳтаргардонии зеристгоҳҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе» пресс-тур ташкил кард, ки ҳадафаш шиносоии намояндагони ВАО бо фаъолият ва лоиҳаҳои JICA дар соҳаи энергетика дар Тоҷикистон мебошад.
Қаблан пресс-тур Роҳбари намояндагии JICA Ҳидеке Танабе зимни брифинги матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ доир ба ҷараёни татбиқи «Лоиҳаи беҳтаргардонии зеристгоҳҳои барқӣ дар Душанбе сухан карда, гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ва таъмини эҳтиёҷоти сокинони шаҳри Душанбе бо неруи барқ мусоидат менамояд.
Зикр шуд, ки созишномаи грантии лоиҳаи мазкур 30 июни соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва JICA ба маблағи 2,190 миллион иени японӣ, муодил ба 20 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати японии Нишизава таҳти роҳбарии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида истодааст. Дардоираи шартномаи грантӣ дар солҳои 2018-2019 сохтмони зеристгоҳи барқии «Радиостансия» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва «Промышленная» дар ноҳияи Сино бунёд ва навсозӣ мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки таҷҳизоти асосии барқӣ, аз қабили трансформаторҳо, тақсимкунакҳои барқӣ барои зеристгоҳҳои зикршуда аз ҷониби ширкати машҳури японии «Тошиба» истеҳсол гардидаанд.
Муҳандисони пешкадами Япония кори сохтмони станцияхои ёрирасонро давом дода истодаанд. Онҳо тамоми равандҳоро идора мекунанд вале дар иншоотҳо камтар аз 10 фоизи кувваи кориро ташкил медиҳанд. Қариб 90 фоизи тамоми кувваи кориро коргарони ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ташкил медиҳанд, ки аксарияташон дар Япония таҷрибаомузии кӯтоҳмуддат гузаштаанд.
Интизор меравад, ки баъди анҷоми лоиҳаи мазкур сокинони ду ноҳияи пойтахт –Исмоили Сомонӣ ва Сино, инчунин соҳаи саноат ва иншооти иҷтимоии шаҳр бо нерӯи барқи устувори доимӣ таъмин гардида, дараҷаи сербории зеристгоҳҳои амалкунада ба таври назаррас кам мегардад.
Намояндагони расонаҳои хабарӣ зимни пресс-тур боҷараёни корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳҳои «Радиостансия» ва «Промышленная» шиносгардида, бо мутахассисони маҳаллӣ ва японӣ суҳбат намуданд.
Дар ду зеристгоҳ, ки аз ҷониби JICA бунёд ва барқарор карда мешаванд, 50 нафар коргарони маҳаллӣ, инчунин мутахассиони японӣ фаъолият доранд. Дармавриди ба истифода додани зеристгоҳи «Радиостансия» 30 фоиз ва саноатӣ - «Промышленная» 58 фоизи эҳтиёҷоти аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии пойтахт бо нерӯи барқ таъмин мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки зеристгоҳи барқии «Промышленная», ки соли 1976 бунёд гардидааст ва алҳол аз ҷониби JICA бо технологияи муосир таҷдид мегардад, дар рушди соҳаи саноати пойтахт нақши муассир мегузорад.
Манбаъ: Asia-Plus









