Ҷараёни амалисозии шабакаҳои барқӣ дар деҳаи Ромит

Ҷараёни амалисозии шабакаҳои барқӣ дар деҳаи Ромит

Бо ҳадафи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми сафари кориаш дар шаҳри Ваҳдат, 4 июни соли 2016, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо оҷонсии кореягӣдоир ба ҳамкорҳои байналмилалӣ лоиҳаи барқтаъминкунӣ дар деҳаи Ромитро (деҳаи Коху, Девдара, Новаки поён ва боло, Пушандоч, Вистан, Дашти мазор, Гускеф ва Пичеф) таҳия ва тасдиқ карданд. 

Дар доираи лоиҳаи мазкур (Сохтмони шабакаҳои барқӣ дардеҳаи Ромит) оҷонсии кореягӣ доир ба ҳамкории байналмилалӣ бо ҳадафи барқтаъминкунии деҳаҳои номбурда сохтмони як зеристгоҳи 110/20/10 кВ (бо насби трансформатор 10 МВА), сохтмони тахминан 500 м хати интиқоли барқ 110 кВ, 46,75 км хати интиқоли барқи 20 кВ, сохтмони хати интиқоли 0,4 кВ (15 км) дар ҳамадеҳаҳо, насби 9 трансформатор 20/0,4 кВ ва системаи ҳисоби неруибарқ пешбинӣкарда буд.

Вобаста ба ин бар асоси дастуру супориши роҳбари дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2017, №113634(22-9) лоиҳаи протоколи гуфтушунид байни вазорат ва оҷонсии кореягӣ доир ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) таҳия шуд ва таърихи 18 феврали соли 2018 имзо шуда буд.Барои амалисозии лоиҳа ҷониби KOICA 6.0 млн доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо кард.  

Бар асоси муноқасаи (тендер) байналмилалӣ, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҳамчун паймонкори лоиҳаи мазкур интихоб шуд ва 12 июли соли 2019 қарор дод байни вазорат ва ширкати мазкур имзо шуд.

Амалисозии лоиҳа пеш аз ҳама барои таъмини дастрасӣ банерӯи барқи аҳолии деҳот, ки барои аҳолии деҳаҳоии Коху, Девдара, Новаки поёнва боло, Пушандон, Вистан, Дашти мазор, Гузкеф ва Пичеф имконияти дастрасӣ банерӯибарқ медиҳад, равона шудааст

Анҷои лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.