Чемпионати Шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ миёни кадетҳо ва наврасон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Чемпионати Шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ миёни кадетҳо ва наврасон баргузор гардид — нахустин мусобиқаи бузурги байналмилалии шоҳмот, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Мусобиқа аз 21 то 29 апрел идома ёфта, беш аз 400 шоҳмотбози боистеъдод аз 13 кишвари минтақа, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро гирд меорад. Ин чорабинӣ воқеаи муҳими варзишӣ дар ҳаёти кишвар хоҳад шуд ва ба тарғиби варзишҳои зеҳнӣ миёни ҷавонон мусоидат мекунад.
Ширкати ТГЭМ сарпарасти расмии чемпионат мебошад ва ин амал садоқати ширкатро нисбат ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди варзиш ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ нишон медиҳад.
«Мо бо камоли хурсандӣ баргузории ин мусобиқаи бонуфузро дастгирӣ мекунем ва бовар дорем, ки чунин чорабиниҳо насли нави шоҳмотбозони ҷавонро илҳом хоҳанд бахшид», — зикр карданд дар ширкат.
Ширкати ТГЭМ ба ҳамаи иштирокчиён муборизаи одилона, ғалабаҳои дурахшон ва таассуроти фаромӯшнашавандаро орзу мекунад!








