
“ТГЭМ”: масири 65 сола ба самти қуллаҳои баланди нерӯи барқ ва сохтмон
Соли 2024, ТГЭМ 65 - умин солгарди худро бо инъикоскардани таърихи рушани тараққиёт – табдил шудани он аз як қитъаи басту банди одӣто паймонкори пешбари сохтмонҳои бузурги нерӯибарқӣ ва зерсохтӣ, ҷашн мегирад.
Дар ин даҳсолаҳо ширкат на танҳо саҳми беназиру назаррасихудро барои тараққиёти Тоҷикистон, балки барои минтақаи Осиёри Марказӣ гузошт.
Гузаштаи бошукӯҳ
Корхона соли 1959 дар Душанбе ба сифати Қитъаи тоҷикистонии васлу насб «Гидроэлектромонтаж» (ТМУ ГЭМ) таъсис ёфта, аз аввалин рӯзхои мавҷудияти худ ширкат бунёди муҳимтарин сохтмонҳоеоро, ки шарёни нерӯи барқии Точикистонро гузошта буд, шаҳрҳо ва деҳаҳои онро бо истгоҳҳо ва зеристгоҳҳои барқии боиқтидор ва хатҳои барқи шиддатбаланд ҳаёт бахшид.
ТМУ ГЭМ бо рохбарии муҳандис ва сардори ботаҷриба О.П.Янис дар истгоҳи барқии гармидиҳии Ёвон корҳои васлу насби барқро оғоз карда, аҳолӣ ва корхонаҳоро бо гармӣ ва нерӯи барқ таъмин кард.
Лоиҳаи мазкур дар роҳи фатҳи қуллаҳои нерӯи барқии тоҷик гомиаввалин буд.
Солҳои 1970-ум, бо роҳбарии Дыбошин Г.Н ва Кременский Л.П. ширкат бо боварӣ ва итминон доманаи хидматрасонии худро густариш дода, коргоҳи коркарди фӯлод ва тавлиди созҳои фӯлодиро ба роҳ монд.
Аз солҳои 1972 то 1979 ТМУ ГЭМ бомуваффақият корҳои васлу насби барқиро иҷро карда, агрегатҳои обии НБО“Норак”ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар тули солҳои 80-ум, ТМУ ГЭМ дарнасбу васлсозии таҷҳизоти шиддатбаланди зеристгоҳҳои табдилҳии силикун, ҳамчунин биноҳои электролизи коргоҳи бузурги алюминиро роҳандозӣ кард.
Дар соли 1986 ТМУ ГЭМ барои иҷроикорҳо дар НБО “Роғун” оғоз карда ба марҳилаи қобили таваҷҷӯҳе дар таърихиширкат гом гузошта, кордониву шоистагӣ ва тавоноии баланди онро дар иҷроилоиҳаҳои бузург нишон дод.
Дар аввали солҳои 1990 ум ширкат бошароитҳои нави иқтисодӣ бархурд кард, ки созгории зуд ва қарору роҳҳалҳои роҳбурдиробарои нигоҳдории рақобатпазирии худ талаб мекард. Ин марҳила бо роҳбарииҳассоси Илчибаева Т.Х., Мачигина А.Н ва Садуллоев О.Х. марҳилаи муҳиме дартаърихи ТГЭМ буд, ки бунёди устуворе барои рушди минбаъда ва комёбии ширкатгузошт.
Ҳозираи рушанубаландпарвоз
Пешрафтҳои фановарӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи ТГЭМ будааст. Татбиқи усулҳои пешрафтаи васлу насби барқии таҷҳизоту дастгоҳҳои шиддатбаланд барои ширкат имконияти баланд бардоштани нуфуз ва бехатарии корҳоро фароҳам сохт.
Афзоиши теъдоди кормандон, густариши доманаи хидматрасонӣ, эъҷоди имконияти нави истеҳсолӣ ва амалисозии фановариҳои нав, мавқеияти ширкатро ба унвони пешрав дар соҳаи нерӯибарқии Тоҷикиистонтақвият бахшид.
Бо омадани ҳазораи нав, таҳтираҳбарии Саидов Ҷ.М, ширкат вориди давраи нави лоиҳаҳои баландпарвозона шуд. Дар бисёре аз муноқасаҳои (арзонхаридҳо) байнулмилалӣ баранда шуд ва лоиҳаҳои муҳиме монанди: Бозсозии НБО “Перепадная”, сохтмони зиристгоҳи “Бӯстон”, кушодашавии корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои бетонуоҳан ва маснуъоти бетонӣ.
Дар ҳамин давра ширкат аввалин муноқасаи байнулмилариро берун аз ҳудуди кишвар, дар Афғонистон соҳиб шуда, боҳамин роҳ ТГЭМ омодагии худро барои амалисозии лоиҳаҳои байнулмилалӣ муаррифӣ кард.
Дар ҳоли ҳозир, таҳти роҳбарии Сафаров И.Д. ширкат ҳамчунон рушди пайгирона ва густариши ҷаҳду талош ваҷуғрофияи иштироки худро давом медиҳад.
Дастоварди барҷастаи ҳамин давракомёбиҳо дар сохтмони НБО Роғун мебошад. Ширкат дар воҳиди сохтмонӣ корхонаҳои омехтани бетон ва сангмайдакунӣ-ғирболгириро роҳандозӣ карда, барандаи муноқасаи бастани маҷрои дарёи Вахш шуд ва инчунин қарордоди бунёди сохтмонҳои соҳилиростро дар доираи сохтмони НБО “Роғун” ба имзо расонид.
Тавонбахшии НБО “Қайроқум” ва “Норак”, сохтмони НБО “Себзор” дар Помир ва лоиҳаи CASA 1000 – танҳо қисматихурди лоиҳаҳои амалкунанда ки нишонгари рушани сатҳи баланди касбияти ширкат мебошад, маҳсуб мешаванд.
ТГЭМ ба таври фаъол лоиҳаҳои навоваронаро бо ҳадафи беҳбуди кайфияти хидматрасонии пешниҳодшуда ва саҳмгузоштан дар муҳитзистӣ ва самаранокии нерӯи барқ амалӣ мекунад.
Миёни онҳо – амалисозии бомуваффақияти лоиҳаи кам кардани талафоти нерӯи барқ ва татбиқи Низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯибарқ (АСКУЭ) дар Хуҷанд ва Душанбе мебошад.
Лоиҳаи мазкур на танҳо густариш меёбад, ҳамзамон ба таври фаъол рушд мекунанд.
Дар соли ҷорӣ ширкат таваҷҷӯҳи худро барои амалисозии низоми биллинг дар вилояти Хатлон (Кулоб ва Бохтар) равонакардааст. Ҳадафи лоиҳаҳои мазкур – кам кардани талафоти нерӯи барқ ва беҳтарсозии ҳолати муҳитзистӣ мебошад.
Соли 2023 корхонаи истеҳсоли таҷҳизоту дастгоҳҳои барқии ИМОД, ки инъикоскунандаи дастгирии сиёсати созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, роҳандозӣ карда шуд.
Масъулияти иҷтимоӣ – бахши ҷудоинопазири фарҳанги идории ТГЭМ мебошад. Ҳамасола ширкат лоиҳаҳои иҷтимоироки барои рушди варзишу маориф сармоягузорӣ мешавад ва инчунин барои ниёзмандон ёрӣ расонида мешавад, пуштибонӣ мекунад.
Дар ҳоли ҳозир ТГЭМ бо шуъбаи Институти тавсеаи мудирияти Сингапур дар шаҳри Душанбе қарордод дорад, ки дар доираи он ширкат барои омӯзиш дар муассисаи олии мазкур саҳмия (квота) пешниҳод мекунад.
Саҳми назаррас дар соҳаи маориф, ки инъикоси онро дар сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 дар ш.Душанбе соли 2019 ва сохтмони театри миллӣ бараъло дидан мумкин аст.
Ҳамчунин ТГЭМ ба сифати сармоягузори асосии иттиҳодияи (лига) футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон баромад карданасли варзишгарони ҷавонро дастгирӣ мекунад.
Ояндаи дурахшон
Ояндаи ТГЭМ – ин нақшаҳои баландпарвози он барои густариши фаъолияти сатҳи минтақавӣ ва байнулмилалӣ ботаваҷҷӯҳ ба рушди сарчашмаҳои таҷдидпазири нерӯъ ба монанди СЭС ва ВЭС мебошад.
Ширкат ба таври фаъол дар лоиҳаҳои байнулмилалӣ аз он ҷумла барқрасонии хатҳои роҳи оҳан (Бухоро – Мискен, Урганҷ- Хева) дар Ҷумҳурии Узбекистон иштирок мекунад.
Рағбат ё хоҳиш комил будан ва навоварӣ ТГЭМ ро дар тӯли таърихи он ҳамроҳӣ мекунад.
Моҳи сентбяри соли 2023 дар доираи сиёсати худ доир ба рушди устувор ва афзоиши иқтисодии соҳаи нерӯибарқӣ, ТГЭМ ба Анҷумани байнулмилалии барқи обӣ (IHA) пайваст шуда имконияти онро барои дастрасӣ пайдо кардан ба донишҳои пешрафта, таҷрибаҳо ва фановариҳои нерӯибарқӣ, дастгирӣ ва пешбурди соҳаи нерӯи барқӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ зиёдмекунад. Инчунин барои густариш додани муносибатҳои касбӣ ва иштирок дарҷомеъаи ҷаҳонӣ имконият медиҳад.
Соли 2024 ширкат ба таври фаъол даркунгураи байнулмилалии об “Осиёи Марказӣ ва Хазар - 2024” иштирок карда, шавқу рағбати худро ба ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ва табодули таҷриба нишон дод.
Дар соли ҷорӣ ширкат барои кормандони худ омӯзиш аз рӯйи FIDIC ташкил кард. Ин гоми муҳим ба сӯйи такмили касбияти мутахассисон ва таҳкими ширкат дар соҳаи мудирияти лоиҳаҳо вақарордоду шартномаҳо мебошад.
ТГЭМ – ин таърихи ҳирфаӣ будан,ҷавобгарӣ ва шавқу рағбат ба сӯйи қуллаҳои баланд мебошад. Бо теъдоди беш аз 10 000 корманд ва лоиҳаҳои гуногун, ширкат барои такмил ва устувор карданимавқеъи худ ҳамчун яке аз иштирокдорони муҳими рушди иқтисодии минтиқафаъолияти худро давом медиҳад.
Соли гузашта барои ТГЭМ марҳилаи дастовардҳои беназир барои устувор кардани мавқеион дар соҳаи неруибарқӣ буд ва омодагии онро барои имкониятҳо ва чолишҳои нав тасдиқ кард.
