
Конгресси 6-уми байналмилалии солонаи гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ва Хазар 2022
6-умин конгресс ва намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ва Баҳри Каспий 2022», ки аз 25 то 27 май дар Душанбе баргузор шуд, беш аз 150 роҳбарони корхонаҳои пешқадами энергияи таҷдидшаванда, сармоягузорон ва пешвоёни технологияҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Арманистон ва Гурҷистон, Россия, Германия, Франция, Польша, Бельгия ва дигар мамлакатхоро гирди ҳам овард.
TГЭМ, ки ҳамчун сарпарасти нуқрагини ин чорабинии баландпоя баромад мекард, бо ҳузури 6 намоянда таҳти роҳбарии директори генералии ширкат Иқбол Сафаров сурат гирифт.
Нишасти машваратии энергетикҳои Душанбе ба иштироккунандагони он имкон дод, то дар мавриди муҳимтарин масоили соҳа, табодули таҷриба ва ҳамоҳангии барномаҳо бароииҷрои муассири баъзе аз лоиҳаҳои сохту навсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар минтақа гуфтугӯ кунанд.
Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мизбони меҳмонони пойтахти Тоҷикистон ду рӯзи равобити корӣ, инчунин боздидҳои техникӣ аз нерӯгоҳҳои Роғун ва Норакро ташкил намуданд, ки дар рафти он мутахассисон бо натиҷаҳои ҷараёни истеҳсоли нерӯгоҳҳо ва системам устувори миллии энергетикии мамлакат шинос шуданд.
Дар раванди кори конгресс лоиҳаҳои калидӣ дар соҳаи сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои обӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баҳри Каспий, масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетика, технологияҳои инноватсионӣ дар сохтмон ва истифодабарии иншооти гидротехникӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушди гидроэнергетикаи хурд ва иқтидори истифодаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
6-умин Конгресс ва Намоишгоҳи Байналмилалии «Гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ва Хазар» як платформаи касбии муколамаи намояндагони ҳукумат ва тиҷорат барои татбиқи самараноки як қатор лоиҳаҳо оид ба сохтмон ва таҷдид бозсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар минтақа мебошад. Он зиёда аз 200 аъзоро муттаҳид мекунад.








