ТГЭМ шартномаро барои сохтмони неругоҳи фотоэлектрии иқтидораш 250 МВт  ба имзо расонд

ТГЭМ шартномаро барои сохтмони неругоҳи фотоэлектрии иқтидораш 250 МВт ба имзо расонд

ҶСК «ТГЭМ» бо ширкати AYON ENERGY EPC-шартнома оид ба сохтмони неругоҳи фотоэлектрии иқтидораш 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонд.

Имзои шартнома аз гузариши лоиҳа ба марҳилаи татбиқи амалӣ шаҳодат дода, қадами муҳим дар рушди энергетикаи офтобӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Иншооти нав яке аз бузургтарин лоиҳаҳо дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон гардида, ба ташаккули инфрасохтори муосири тавлиди неру мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи EPC-шартнома, ТГЭМ маҷмӯи корҳои лоиҳакашӣ, таъминоти таҷҳизот ва сохтмони неругоҳи фотоэлектриро анҷом дода, татбиқи лоиҳаро мутобиқ ба талаботи тасдиқшудаи техникӣ, стандартҳои байналмилалии сифат ва муҳлатҳои муқарраршуда таъмин менамояд.

Барои ТГЭМ иштирок дар ин лоиҳа марҳилаи муҳим дар тавсеаи портфели иншооти стратегии энергетикӣ ва инчунин тасдиқи салоҳиятҳои ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ мебошад. Сохтмони неругоҳи иқтидораш 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳун дар самти диверсификатсияи манбаъҳои тавлиди неру, густариши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҳкими устувории низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа на танҳо ба бахши энергетика, балки ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа низ таъсири мусбат расонад, аз ҷумла тавассути таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтори ҳамроҳ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории вилояти Хатлон.

Имзои EPC-шартнома миёни AYON ENERGY ва ТГЭМ марҳилаи нави татбиқи яке аз бузургтарин лоиҳаҳои офтобӣ дар Тоҷикистонро оғоз бахшида, инчунин пешрафти пайдарпайи кишварро дар роҳи рушди энергетикаи муосир, устувор ва аз лиҳози экологӣ ҷавобгӯ инъикос менамояд.