Иди Навруз 2017

            ҶСК "Тоҷикгидроэлектромонтаж" бо камоли эҳтирому фараҳмандӣ тамоми тоҷикони дунёро бо фарорасии иди байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай сидқан шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, рӯзгори саршор аз саодату сарфарозиҳо, бахту иқболи баланд, сарбаландию пирӯзиҳо ва дар фаъолияти рӯзмарраашон баҳри татбиқи ғояҳои наву олии бунёдкорию созандагӣ комёбӣ орзу менамояд.