8 март - Рўзи Модар

    Дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзхои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март ҳамчун Рўзи Модар қайд карда мешавад ва он рўз ҳамчун рўзи иди ғайрикорӣ мебошад. Дар паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи модар 7 марти соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҷашни иди мазкурро чунин баён намуданд: «Мо ин рўзро махсус чунин ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рўзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо - фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурўтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба чо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эхтиёт кунем ва ҳамеша дўстдору дилбардорашон бошем».
    Санаи 8 март дар ҷахон ҳамчун Рўзи байналмилалии занон (International Women's Day) ҷашн гирифта мешавад, ки ишора ба дастовардҳои занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ичтимоӣ аст, ва аз фурсат истифода бурда Роҳбарияти Ширкати ҶСК " Тоҷикгидроэлектромонтаж" тамоми занону бонувонро бо ин рузи идашон табрику муборакбод гуфта барояшон пеш аз ҳамма тани сиҳат, хушбахтӣ, бурдборӣ ва дар ҳамаи иқдому ташаббусҳояшон муваффақиятҳо таманно дорад, зеро зиндаги аз модар сарчашма меёбад!